9 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба боздид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.
Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён ва техникаи низомӣ иштирок карданд.
Баъди анҷоми расми паради низомӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги харобиовари солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.