1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳргони Деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” боздид ба амал оварданд.
Хоҷагии моҳипарварӣ соли 2022 дар доираи дастуру раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-cолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мансур Давлатов ташкил шудааст.
Хоҷагӣ дорои 12 гектар замин буда, аз ҷониби масъулон ба парвариши моҳӣ ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад то ки саршумор ва ҳаҷми истеҳсол афзун гардад.
Тибқи иттилоъ дар 5 гектар замин ҳавзи моҳипарварӣ ташкил карда шуда, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ нигоҳубин карда мешавад. Айни замон барои рушди соҳа, зиёд намудани навъҳои моҳӣ ва ба ин васила бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли он дар хоҷагӣ 4 ҳавзи махсус амал мекунад.
Президенти мамлакат зимни боздид аз рафти парвариши моҳӣ дар Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” 6 ҳазор моҳичаи гуногунро ба об сар доданд.
Ҳоло дар хоҷагии номбурда асосан 4 намуди моҳӣ парвариш меёбад. Ин тадбири муҳим имконият медиҳад, ки сол то сол рушди моҳипарварӣ дар мамлакат тамин гардида, талаботи физиологии аҳолӣ бо гӯштӣ парҳезӣ яъне, моҳӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ тамин карда шавад.
Баъди тасис додани Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” дар ноҳияи Шаҳритус 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012”-и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бештар аз 16 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад.
Танҳо дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 9 хоҷагии моҳипарварӣ амал мекунад, ки дар 9 моҳи соли равон 72 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст ва ин назар ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд аст.
Дар ноҳияи Шаҳритус хоҷагидорон ба парвариши моҳӣ, ки самти афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад, бештар мароқ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба фаъолияти соҳибкор ҷиҳати таъсис хоҷагии моҳипарварӣ баҳои баланд дода, масъулонро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ вазифадор намуданд.