Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

№ 14.11.2022

52496498091_0fac388ff3_o13 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар ин ҷо деқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии деҳқонони вилоят баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, давоми соли равон  бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони қариб 280 ҳазор гектар замин кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ монданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва истифодаи мақсадноки замин мо метавонем ба татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ комёб шавем ва бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардумро беҳтару хубтар намуда, иқтидори содиротии мамлакатро низ тақвият бахшем.

Зимни тамошои намоишгоҳ маълум гардид, ки дар давмои 10 моҳи соли равон кишоварзони вилоят зиёда аз 376 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 496 ҳазор тонна картошка, 537 ҳазор тонна сабзавот, 144 ҳазор тонна полезӣ ва 114 ҳазор тонна мева истеҳсол намуда, ҳамчун таъминкунандаи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар ин давра аз вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат зиёда аз 67 ҳазор тонна сабзавот содирот карда шудааст.

Алҳол дар ҳудуди вилоят ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, деҳқонон аз фаровонии сабзӣ, кадую шалғам, караму лаблабу, турб, бойимҷон, қаланфур, ҷуворимакка, лубиё ва мошу нахуд, ки ҳосили кишти такрорӣ аст, изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Ҳамзамон дар ин намоишгоҳ маҳсулоти хоҷагии ҷангал, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва коргоҳҳои банду басти меваи хушк муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзон ба масъулон ҷиҳати истифодаи боз ҳам мақсадноки обу замин, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, гиёҳҳои шифобахш, зиёд намудани майдони гармхонаҳо, бунёди сардхонаҳо, тақвияти иқтидори содиротии вилоят, ҷамъоварии саривақтии ҳосили дар саҳробуда ва афзоиши ҳаҷми захираи маҳсулот дар сардхонаю анборҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.