Субҳи рӯзи 12 октябри соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шаҳраки «Баҳор»-и ноҳияи Носири Хусрав ташриф овард.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст оғоз бахшид.
Тибқи лоиҳа мактаб аз ду бинои таълимӣ, бинои алоҳида барои толори варзишӣ ва дигар биною иншоот иборат хоҳад буд.
Ин муассисаи нави таълимӣ бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар майдони беш аз се гектар давоми ду сол бунёд гардида, дорои 26 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ бо 24 компютер ва дигар синфхонаҳои фаннӣ хоҳад буд.
Мактаб ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 220 ҷойи нишаст, ошхона бо 100 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи хониш, майдони футбол ва дигар майдончаҳои варзишӣ хоҳад буд.
Бо татбиқи ин лоиҳа мушкилоти нарасидани ҷойҳои нишаст ва омӯзгорон дар муҳлати кӯтоҳ бартараф хоҳад шуд.
Дар ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинон ва ҳунармандони ноҳия низ дидан кард.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби занони чирадаст намунаҳои зебои зардӯзию гулдӯзӣ, гилембофию қолинбофӣ ва дигар расму анъанаҳои хоси ин маҳал ба Роҳбари давлат муаррифӣ карда шуд.
Аснои боздид ва суҳбати самимӣ Сардори давлат занону модаронро ба омӯзиши ҳунарҳои пурарзиши мардумӣ, равнақи расму оин ва омӯзонидани ҷавондухтарон ҳидоят кард.
Дар ноҳияи Носири Хусрав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба деҳоти «Истиқлол» ташриф оварда, нахуст дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ бо дастовардҳои соҳа шинос шуд.
Дар ин ҷо беш аз 35 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ноҳияи мазкур истеҳсол мешаванд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон бо мувофиқ омадани обу ҳаво, деҳқонони ноҳия ҳосили фаровон рӯёндаанд.
Дар натиҷаи истифодаи оқилонаи замин, ки аз ҳидоятҳои пайвастаи Сарвари давлат бармеояд, хоҷагидорон соли равон аз тамоми зироатҳо самараи дилхоҳ ба даст овардаанд. Хоса дар ноҳия аз кишти пахта, сабзавоту полезӣ натиҷаҳо назаррас мебошанд.
Давоми солҳои охир аз ҳисоби фоидаи софи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 240 трактори нав ва дигар мошинолоти кишоварзӣ харидорӣ шудааст.
Дар ин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни ҳосилғундорӣ дар хоҷагии намунавии деҳқонии «Шафоат» шинос шуд.
Тавре маълум гардид, хоҷагӣ дар майдони даҳ гектар замин ташкил гардида, нуҳ саҳмдор дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ дар майдони панҷ гектар пахта ва дар дигар қитъаҳояш зироатҳо корида шудааст.
Тибқи маълумот, хоҷагидорон аз як гектар ба ҳисоби миёна 35 сентнер ҳосили пахта ҷамъоварӣ менамоянд.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Носири Хусрав як ҳазору 664 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 650-тои он бо пахтакорӣ машғул мебошанд. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар 964 гектар кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба истифодаи оқилонаи замин ва гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои корам ҳидоят кард.
Аснои боздид аз хоҷагии деҳқонии «Фатҳиддин», ки аҳли заҳматаш аз кишти сабзавот ҳосили фаровон рӯёнидаанд, Сардори давлат ба деҳқонони асил барои мусоидат дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва афзун намудани қудрати содироти он арзи сипос намуд.
Аз суҳбат бо деҳқони асил Нуралӣ Суюнов аён гардид, ки ӯ аз ҳар гектар пиёзи барвақтӣ 45 тоннагӣ ҳосил гирифта, дар ҷойи он такроран помидор кишт кардааст ва аз ҳар гектари он 30 тоннагӣ ҳосил гирифтанӣ аст.
Аз масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳконии «Фатҳиддин» дар майдони ҳафт гектар пахта, қариб як гектар полезӣ, 0,5 гектар сабзавот ва дар якуним гектар боғ бунёд гардидааст.
***
Аз ноҳияи Носири Хусрав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Дар даромадгоҳи ноҳия мардум Сарвари давлатро бо муҳаббату самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввал корхонаи абрешимресии «Дук» ба кор дароварда шуд, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад.
Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Додарбек Мунавваров бунёд ёфтааст. Дар он 50 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, соҳиби кори доимӣ шуда, хеле хушҳол гардидаанд.
Ин корхона бо технологияи муосири хитойӣ муҷаҳҳаз шуда, имкон дорад, ки дар як сол беш аз 70 тонна пиллаи хомро коркард намуда, аз он риштаи хушсифати абрешим истеҳсол намояд.
Бо дарназардошти он ки танҳо дар ноҳияи Шаҳритус ин миқдор пиллаи хом истеҳсол намешавад, соҳибкор Додарбек Мунавваров бо пиллакорони панҷ ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш ба роҳ мондааст. Ӯ пиллакории онҳоро сармоягузорӣ карда, маҳсулоташонро барои коркард харидорӣ мекунад. Гузашта аз ин, ин соҳибкор дар назди корхонааш парвариши инноватсионии пиллапарварӣ ташкил намудааст. Дар ин ҷо ӯ бори аввал парвариши такрорӣ ва ё тирамоҳии пилларо таври таҷрибавӣ ба роҳ монда, бовар дорад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.
Тавре иттилоъ доданд, ин соҳибкор бо шарикони ватанию хориҷиаш ҳамчунин 100 ҳазор бех ниҳолҳои хушсифати тут шинондаанд, ки бо технологияи пешрафта нигоҳубин карда мешаванд.
Дар назди ин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи дуюми ин соҳибкор, ки барои атласбофӣ пешбинӣ шудааст, оғоз бахшид.
Тавре зикр гардид, 40 нафари дигар дар ин корхонаи атласбофӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Иқтидори лоиҳавии ин корхона имкон медиҳад, ки дар як басти корӣ ё худ ҳашт соат беш аз 500 метри мураббаъ атласи хушсифати бозоргир истеҳсол шавад.
Тибқи нақша сохтмони ин корхона бояд дар муддати якуним сол ба анҷом расонида шавад.
***
Дар деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳритус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои мавҷуда, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои давлатии вобаста ба рушду тараққиёти ин ноҳияҳои ҷанубии кишвар супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои навсозии роҳҳои мошингард, бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ таъмин намудани аҳли заҳмати деҳот, бо таҷҳизоти муосир ва мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дастур дода шуд, ки дар маркази ноҳияи Носири Хусрав бозори калони ноҳиявӣ бунёд намоянд.
***
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳомид» ва «Қандов»-и ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши онҳо бевосита шинос шуд.
Чунонки зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Қандов» 20 гектар замин, аз ҷумла 18 гектар замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, асосан бо пахтакорӣ машғуланд. Майдони умумии кишти пахта 14 гектар буда, дар аксари он пахтаи навъи «Тоҷикистон» кишт намудаанд ва аз ҳар гектараш бовар доранд, ки ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.
Онҳо аз се гектар замини кишти гандум ба ҳисоби миёна 48 сентнерӣ ҳосил гирифта, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд.
Деҳқонони ин хоҷагӣ дар парвариши сабзавоту полезии кишти такрорӣ ҳам ба муваффақиятҳои калон ноил шудаанд. Натиҷаҳои назарраси кори ибратбахши онҳо, аз ҷумла зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ аён гардид. Тавре маълум шуд, деҳқонони ноҳияи Шаҳритус аз ҳар гектари каду ва тарбузу харбузаи зимистона 36 тоннагӣ ҳосил мерӯёнанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки ба кишоварзон барои дастрас намудани технологияҳои пешқадами истифодаи заминҳои корам ва тухмиҳои хушсифат ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
www.president.tj