Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз бӯстонсаройи «Варзоб»

№33 (3827) 13.03.2018

40725823231_dd058bbea9_o10 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб» ташриф оварданд.

 

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, бо мақсади ҳар чӣ бештар рушду густариш бахшидани муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Яке аз он санадҳои ояндадор Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.

Мавриди зикр аст, ки бо далели кӯҳсор будани 93 фоизи Тоҷикистон айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ — туризми куҳнавардӣ, туризми кӯҳиву варзишӣ, алпинизм, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми этнографӣ ва туризми экологӣ дар кишвар муайян шудааст.

Бояд гуфт, ки аз соли 1999 бо истифода аз табиати биҳиштосои кишвар ҷиҳати  рушди соҳаи сайёҳӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3 минтақаи кишвар — Варзоб, Ромит ва Балҷувон ба ҳайси минтақаҳои сайёҳӣ эълон гардидаанд, ки ба рушди инфрасохтори соҳа, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳон мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, рушди соҳаи сайёҳиро дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ» танзим менамояд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрии Варзоб сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз тамошои табиати зебову обҳои мусаффо ҳаловат бурданд.

Ин мавзеъ бо фазои мусоид ва табиати нотакрор ҷойи баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва вохӯрии сатҳи олии сарони давлатҳои хориҷ гардидааст.

 www.president.tj