30 ноябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд.
Дар буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода шуда, қариб нисфи маблағ ба ин бахшҳо равона шудааст. Чунин бартарӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз моҳияти иҷтимоии сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба ҳифзи ҳамаҷонибаи иҷтимоии халқи кишвар ва беҳдошти зиндагии онҳо равона шудааст.