Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
23 марти соли 2016
Ҳозирини арҷманд!
Соли дуюм аст, ки сафари корӣ ва мулоқоту вохӯриҳои Роҳбари давлат бо сокинони заҳматдӯсти вилояти Суғд дар ҷараёни тантанаҳои ҷашни миллиамон — Наврӯз ба вуқӯъ пайваста, имрӯз дар зодгоҳи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон — Бобоҷон Ғафуров идома меёбад.
Ба муносибати қадами мубораки Наврӯзи Аҷам ҳамаи шумо сокинони соҳибэҳтироми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро табрик намуда, ба ҳар кадоми шумо тансиҳативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои мардумӣ ва мероси арзишманди гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунсози мо ба ҳисоб рафта, аз фарорасии фасли зебои баҳор ва оғози баракати сол мужда медиҳад.
Тибқи анъанаи дерин бо фарорасии фасли баҳор дар ҳудуди мамлакат маъракаи ободониву корҳои кишоварзӣ вусъати тоза мегирад, ки аз баракати ин амри хайр Ватани соҳибистиқлоламон сол аз сол ободу зебо шуда истодааст.
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар айёми ҷашни Наврӯз мардуми кишвар дар баробари оғози корҳои кишоварзӣ ва тозаву озода намудани кошонаву маҳалли зист ба фаъолияти коргоҳу иншооти нав ҳамчун армуғони ҷашнӣ ҳусни оғоз мебахшанд.
Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи бузурги сементбарории вилоят «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» ба фаъолият оғоз намуд, ки яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба амалишавии ҳадафҳои иқтисодии мамлакат ва тавсеа пайдо кардани раванди неки созандагӣ дар кишварамон мебошад.
Қобили зикр аст, ки нақши ин коргоҳи бузурги истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати кишвар, афзун гардидани иқтидори истеҳсолии мамлакат ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоии сокинон хеле пурарзиш буда, яке аз корхонаҳои муқтадири истеҳсоли масолеҳи сохтмонии кишвар барои иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла бунёди биноҳои истиқоматӣ ва содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар хоҳад шуд.
Аз фурсат истифода намуда, ба соҳибкорону сармоягузорон, мутахассисону бунёдкорони иншооти мазкур, яъне Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин барои дар муҳлати хеле кӯтоҳ (ҳамагӣ чордаҳ моҳ) ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани он изҳори сипос менамоям.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол як миллион тонна семент буда, корҳои сохтмону ободонии он бо ибтикори соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ бо сарфи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна сементи хушсифат истеҳсол намуда, дар он барои беш аз 1300 нафар ҷойҳои нави кории доимӣ муҳайё шудааст, ки музди миёнаи меҳнати кормандон 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мутахассисони варзида, инчунин бо мақсади таъмини муътадили фаъолияти корхонаи сементбарорӣ неругоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори 25 мегаватт дар як соат бунёд карда шудааст, ки як қисми қувваи барқи истеҳсолкардаи он, яъне неруи барқи зиёдатӣ ба тавассути Ширкати «Барқи Тоҷик» барои аҳолии вилоят масраф карда мешавад.
Воқеан, ташаббуси бунёди иқтидорҳои тавлидотии неруи барқ барои эҳтиёҷоти худӣ боиси дастгирӣ буда, ин амал ба корхонаҳои истеҳсолӣ фоидаи зиёд меорад.
Мардуми заҳматдӯсти тоҷик бо кору иқдомоти некбинонааш қодир аст, ки бо вуҷуди вазъи нобасомони ҷаҳони имрӯза аз уҳдаи эъмори иншооту корхонаҳои миёнаву азим сарбаландона барояд.
Чунки бунёдгариву ободкорӣ рисолати таърихии мардуми мо буда, мисоли равшани он дар замони буҳрони шадиди молиявӣ бунёд намудани чунин корхонаи азими саноатист, ки натиҷаи заҳмати фидокоронаи фарзандони бонангу номус ва ҳамкориҳои созанда бо соҳибкорону сармоягузорон мебошад.
Бояд гуфт, ки алҳол дар мамлакат беш аз даҳ корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дорад, ки иқтидори умумии онҳо қариб се миллион тоннаро ташкил медиҳад ва аз нисф зиёди сементи дар кишвар истеҳсолшаванда ба ширкати «Хуаксин Ғаюрсемент» рост меояд.
Танҳо дар давоми солҳои охир дар вилояти Суғд чор корхонаи сементбарорӣ ба фаъолият шурӯъ намуд ва дастрасии ширкатҳои сохтмониву сокинони вилоят ба ин навъи маҳсулот бо нархҳои қобили қабул таъмин гардида, ҳамзамон воридоти семент аз хориҷи кишвар хеле коҳиш ёфт.
Бунёди корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки вилояти Суғд дар баробари таъмин намудани эҳтиёҷоти дохилӣ ба семент, бахусус дар бунёди иншооти гуногун, хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурии шаҳраки навбунёди Сайҳун, инчунин ба содироти он шурӯъ намояд.
Яъне, корхонаи сементбарорӣ ба рушди сохтмон, ки бидуни он давлат тараққӣ карда наметавонад ва афзоиши содироти маҳсулот такони ҷиддӣ мебахшад.
Давлат ва Ҳукумати кишвар бо дастгириву саҳми бевоситаи соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ ҷиҳати бунёди иншооту корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва фарҳангиву фароғатӣ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, раванди эъмори корхонаву иншоот, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳимро идома медиҳад.
Ҳозирини арҷманд!
Хотиррасон кардан бамаврид аст, ки дар натиҷаи фаъолияти бомароми корхонаи сементбарорӣ нуфузи саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар миқёси вилоят афзун гардида, дар солҳои наздик бо бунёд шудани иншооту корхонаҳои нави замонавӣ ба минтақаи саноативу аграрӣ мубаддал мешавад.
Барои амалӣ шудани чунин ҳадафи созанда дар ноҳия тамоми шароити зарурӣ мавҷуд мебошад.
Айни замон пешравиҳо дар соҳаи саноати ноҳия хеле назаррасанд. Масалан, агар соли 2015 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи умумии 322 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда бошад, соли ҷорӣ бо дарназардошти ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаи «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» ин рақам ба 910 миллион сомонӣ баробар мегардад, яъне се баробар афзоиш меёбад ва ноҳия аз рӯи нишондиҳандаи ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Илова бар ин, тавассути бо ҷойи корӣ таъмин шудани 1000 нафар мутахассису коргари маҳаллӣ сатҳи зиндагии 1000 оила (қариб 7000 нафар) беҳтар мегардад.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки фаъолияти корхонаи мазкур барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар инфрасохтори ноҳия низ такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки роҳбарияти корхонаи сементбарорӣ бо дарназардошти чораҳои ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории тавозуни экологии минтақа доир ба вусъати корҳои кабудизоркунӣ, беҳбуди шароити зист ва ободонии маҳал тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо дарназардошти зиёд будани майдони заминҳои кишти ҳосилхез, боғу токзорҳо ва истифодаи самарабахши техникаву технологияҳои муосиру нуриҳои маъданӣ ва мавқеи мусоиди ҷойгиршавӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам дар вилояти Суғд ва ҳам дар миқёси кишвар яке аз ноҳияҳои пешрафтаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, мардуми заҳматдӯсти он ҳамасола аз кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳосили баланд ба даст меоранд.
Мутаассифона, соли гузашта бинобар номусоид омадани обу ҳаво дар вилояти Суғд як қисми ҳосил талаф ёфта, зироаткорони ноҳия зарари ҷиддӣ диданд.
Соли гузашта дар муқоиса бо соли пешин як қисми ҳосили мева, алалхусус зардолу, ки маҳсулоти содиротӣ мебошад, то 80 фоиз, ҳосили токзорҳо 33, пахта 28 ва картошка 50 фоиз коҳиш ёфт.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба тамоми мардуми шарифу заҳматдӯсти ноҳия ва кишвар муроҷиат карда, хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти афзоиши мунтазами нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳар як рӯзи баҳориро самаранок истифода бурда, дар фикри зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди ҳар чӣ бештари маҳсулот ва ба содирот баровардани он бошанд.
Итминон дорам, ки соли ҷорӣ кишоварзони вилоят, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз таҷрибаи зиёди зироаткорӣ хисороти соли гузаштаро бартараф хоҳанд кард. Зеро миллати тоҷик дар соҳаи кишоварзиву зироаткорӣ маҳорату малака ва таҷрибаи басо зиёд дорад ва лаззату сифати меваҳои кишвари мо дар бисёр давлатҳои ҷаҳон аллакай машҳур гардидааст.
Дар пешорӯи мо ҷашни пуршукӯҳи 25-солагии соҳибистиқлоливу соҳибдавлатии мамлакатамон қарор дорад.
Мо бояд дар ҳамбастагӣ ин санаи муқаддасро бо заҳмати созандаву комёбиҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҷлил намоем ва ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои некамон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ва мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифамон содиқонаву софдилона заҳмат кашем.
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо, сокинони меҳмоннавозу боҳиммати ноҳияро ба муносибати таҷлили ҷашни аҷдодии Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ифтитоҳи корхонаи азими саноатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди ин мулки ободу зебо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори пурфайзу баракат ва хушбахтӣ орзу менамоям.
Саодату комронӣ ҳамеша ёратон бод, ҳамватанони азиз!