25 феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти «Алмосӣ»- и ноҳияи Ҳисор сафари корӣ намуд.
Дар ҷараёни сафар, ки ҳадаф аз он идомаи мантиқии татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба бунёди садҳо гектар боғи ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд.
Дар деҳоти «Алмосӣ» Пешвои ғамхору ояндасоз Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳияи Ҳисор самимӣ истиқбол гирифтанд. Барои иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ 3000 нафар ва дар маҷмӯъ, барои дидору мулоқот бо Пешвои миллат беш аз 15 ҳазор сокини ноҳия ҷамъ омаданд.
Пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагиҳои ноҳия бо комёбиҳои меҳнатии сокинон аз наздик ошно гардид.
Дар намоишгоҳ асосан меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла навъҳои гуногуни ангуру себро, ки дар сардхонаҳо тару тоза нигоҳубин мешаванд, ба маъраз гузошта буданд. Мутахассисон тарзи гуногуни нигоҳубини меваҳоро намоиш доданд. Дар асоси супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор то имрӯз баҳри нигоҳубини меваҳо барои 5000 тонна сардхонаҳо сохта шудааст, ки аз он самаранок истифода мебаранд.
Азбаски Ҳисор диёри зархез аст, дар он баробари мева ва сабзавот зироатҳои гуногуни ғалладона васеъ кишт карда мешавад, ки дар намоишгоҳ ҷойи махсусро ишғол мекарданд.
Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия ба таври матлуб рушд кардааст, ки парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ намунаи беҳтарини он мебошад. Дар 21 хоҷагии ноҳия гӯсфанди зоти ҳисорӣ парвариш меёбад, ки намунаи онро дар намоишгоҳ ба тамошо гузошта буданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маҳсули дастранҷи сокинони ноҳия ба натиҷаи фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, мардумро ба идомаи фаъолияти бобарору муваффақ барои пешрафти ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.
Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳоти «Алмосӣ» дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, якчанд ниҳоли гелос, олу ва себ шинонид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдони 340 гектар, аз ҷумла дар майдони 72 гектар гелос, 67 гектар олу, қариб 13 гектар себ, дар 27 гектар зинабоғу 33 гектар чарогоҳи ҳамин деҳот гелос шинонида шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оянда майдони боғҳо боз ҳам васеъ карда мешаванд.
Айни ҳол дар деҳоти «Сомон», «Хонақоҳи кӯҳӣ», «Навобод» ва ба номи Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад.
Дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020» дар ноҳияи Ҳисор дар майдони 2966 гектар бояд боғу токзор бунёд шавад. Асосан ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда бояд парвариш ёбанд. Даромад аз фурӯши мева барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум равона мегардад.
Зимни сафарҳои қаблии кории худ ба ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дастур дода буданд. Тавре маълум гардид, бо дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат ва бо мақсади иҷрои супоришҳои ояндадори Президенти мамлакат то имрӯз дар доманакӯҳҳои ноҳия ҳазорҳо гектар боғи дарахтони гуногуни мевадиҳанда бунёд шудааст.
Қаблан иқдоми бузург оид ба бунёди боғҳо дар ноҳияи Ҳисор аз ҷониби Президенти мамлакат амалӣ гардида буд. Бунёди боғи «15 — солагии Истиқлолият» ва боғи «3000 — солагии Ҳисор» аз ҳамин ҷумлаанд.
Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, мавзеъҳои ноҳияи Ҳисор барои парвариши ангури навъи тоифӣ мутобиқ аст, ки ҳосили он низ барои содирот нигаронида шудааст.
Баъди бунёди боғҳои нав, дар робита ба ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар ин ҷо корхонаи бастабандии меваҳо, аз ҷумла барои гелос бунёд мешавад, ки боз як омили таъсиси ҷойҳои нав корӣ мебошад.
Меҳнаткашони ноҳияи Ҳисор дар масъалаи содироти мева ба хориҷи мамлакат таҷрибаи бой доранд. Аз рӯи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ 21000 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки аз нисф зиёди онро ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина ва Қирғизистон содирот намудаанд. Дар сардхонаҳои ноҳия миқдори зиёди ангуру себ захира шудааст.
Зимни суҳбати самимӣ бо сокинони меҳнатқарини ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат онҳоро барои идомаи корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва меҳнати софдилонаю содиқона ба нафъи Ватан ва миллат ҳидоят намуд.
Сокинони ноҳияи Ҳисор ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои созанда ва ғамхориашон ба табақаҳои ниёзманд изҳори сипос карда, қадамашонро ба сарзамини бостонии Ҳисор файзбахшу муборак хонданд.
www.president.tj