Cафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Беларус

№78 - 79 (4028 - 4029) 29.06.2019

 48143357346_2c7be6fd62_o27 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, прокурори генералӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи миллии Минск Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Беларус гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз бо талошҳои пайвастаи Давлату Ҳукумати кишвар, сиёсати дурбинонаи хориҷии дарҳои бози Пешвои миллат, иродаи қавии сарони давлатҳо ва муколамаи сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду давлат сатҳу сифати нав касб кардааст.

Дар назар аст, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ оид ба баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои таъмиқи робитаҳои Тоҷикистону Беларус баргузор гардад.

28 июни соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмӣ дар «Қасри истиқлолият»-и Беларус баргузор шуд.

Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қасри истиқлолият» бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро дода шуд.

Горди фахрии президентӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани суруд­ҳои миллии ҳар ду кишвар, гузашти Сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлати мизбон сурат гирифта, бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва гузашти Горди фахрӣ аз назди сарони кишварҳо ба анҷом расид.

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко оғоз ёфта, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ду кишвар идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Ҳукумати ин кишвар барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.

«Тоҷикистон ба робитаҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ бо Ҷумҳурии Беларус, ки аллакай характери шарикии стратегиро касб кардааст, баҳои баланд медиҳад», — таъкид карданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвараш хайра мақдам гуфта, аз имкону дидору мулоқоти созанда изҳори хушнудӣ намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагиро барои таҳкими муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни мамлакатҳо изҳор доштанд.

Зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои судманд тавсеа бахшидани фаъолият ва истифодаи имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур аст.

Ҳар ду ҷониб аз сатҳи рушди робитаҳо дар соҳаи саноат, аз ҷумла, таъсиси Корхонаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор оид ба бастубанди техникаи кишоварзии беларусӣ ва хизматрасонии техникӣ, ташкили Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти ширию гӯштӣ, афзоиши содироти меваю хушкмева ба Беларус ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими фарҳангию гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Беларус, азнавсозии Парки нақлиётии шаҳри Душанбе бо харидории троллейбусҳои истеҳсоли Беларус ва ғайра баррасӣ гардид.

Ҳамкории зичу пурсамари ду кишвар дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ ва СААД, махсус таъкид шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти сартосарӣ ҷонибҳо таҳкими ҳамгироӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои кибернетикиро баррасӣ карданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати расмии ду кишвар санадҳои зерин имзо гардид:

- Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот;

- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодаи захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот;

- Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус;

- Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- Барномаи иҷроияи Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории илмӣ — техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2019 — 2020;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Беларусбанк» -и Ҷумҳурии Беларус дар бораи ҳамкории байнибонкӣ.

Боиси хушнудист, ки бо талошҳои пайвас­таи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, барои таъмиқи муносиботи ҳамкорӣ заминаи воқеӣ фароҳам месозад.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

48143438006_6972ed7aa1_oДар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми кишвари дӯсти Беларус дар шаҳри Минск дар назди Муҷассамаи «Ғалаба» гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидони роҳи озодиро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус ҳамроҳӣ карданд.

29 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи тракторсозӣ шинос шуданд.

Он яке аз калонтарин коргоҳҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии коргоҳ намунаи муосиртарин техникаҳои кишоварзии Корхонаи тракторсозӣ муаррифӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тракторҳои корхона омодагии Тоҷикистонро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои дигар, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар ва судовар барои ҳар ду ҷониб, изҳор доштанд.

Бунёди коргоҳҳои муштарак дар оянда метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъмини хоҷагиҳои мамлакат бо техникаи кишоварзӣ, расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.

Таъсиси Корхонаи бастубанди тракторҳо ва Маркази хизматрасонии техникаҳои кишоварзӣ «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор бо иштироки сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко намунаи беҳтарини ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, техникаҳои гуногунҳаҷми борбардору боркаши сохтмонӣ ва мусофирбари Корхонаи мошинсозии «МАЗ» — и Ҷумҳурии Беларус муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз роҳбарияти корхонаҳои мошинсозӣ даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи лои­ҳаҳои калони гидроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, иқтидору имконоти худро дар бозори Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.

48151413171_7dcc4d4ae5_oДар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» шинос шуданд.

Он яке аз коргоҳҳои бис­ёр­соҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, паранда, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасиб, тухм, дар маҷмӯъ, беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст. Таъкид гардид, ки дар фаъолияти чилсола ширкат бо насби технологияи нав­тарин ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири истеҳсоли гӯшту шир дар бозори кишвар мақоми хоса дорад.

Яке аз дастовардҳои асосии корхона, дар баробари истеҳсолот, назорат ва таъмини сифати маҳсулот, таъсиси марказҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, интиқоли он ба гӯшаҳои гуногуни Беларус мебошад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти комбинат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.

www.president.tj