19 августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба Туркманистон сафар кард.
Дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот карда, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлуи ду кишварро баррасӣ менамоянд.
Дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду давлат мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи Тоҷикистону Туркманистон муҳокима мегардад.
Инчунин аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ як қатор санадҳои наву муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо мерасанд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон идомаи мантиқии сафарҳои қаблии Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориҳо ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар мебошад.
www.president.tj