Чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Ҳисор

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

чойхона-биноРӯзи 27 октябри соли 2015 дар доираи таҷлили Ҷашни 3000 – солагии Ҳисори шодмон дар ҳудуди ин ноҳияи бостонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

Корҳои сохтмонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор дар ин мавзеъ моҳи сентябри соли 2014-ум оғоз гардида буд. Дар рафти тадбирҳои бунёдӣ, қабл аз ҳама 250 бинокори маҳаллӣ ва бо ривоҷ ёфтани корҳои сохтмонӣ то имрӯз беш аз 650 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Бинои боҳашамат ва ғайриодии чойхонаи миллӣ дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи «Баракат», аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» тарҳрезӣ гардида, дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид.

Чойхонаи миллӣ, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбуза сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад.

Дар заминаи ин лоиҳаи ғайриодии сохтмонӣ дар ошёнаи якум дар масоҳати 1600 метри мураббаъ як толор, ки дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст мебошад, ду утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, панҷ ошхонаи муосир бо технологияи ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов бунёд шудааст.

Толори асосӣ бо масоҳати беш аз ду ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст.

Бо бунёди ин нуқтаи муосири хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Дар сохтмони  ин бинои ғайриодӣ, ки бо такя ба унсурҳои хоси меъмории миллӣ амалӣ гардидааст, тамоми маводи сохтмонӣ ва ороишӣ аз ашёи хоми ватанӣ истифода шудааст.

Чойхонаи миллӣ дар масоҳати 4,5 гектар сохта шуда, гирду атрофи он бо намудҳои гуногуни ниҳолҳои ороишӣ ва навъҳои мухталифи гулу буттаҳо оро ёфтааст.

Оянда дар ҳудуди 22 гектари атрофи ин чойхона ҳамчунин боғи фарҳангию фароғатӣ  бунёд хоҳад ёфт.

www.president.tj