Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба

№53 (4003) 11.05.2019

46892441745_f9b8f8261f_o9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар Боғи «ғалаба»-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи  ғалаба ба Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо гузориш дод.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба корнамоии фарзандони ватандӯсти тоҷик суханронӣ намуда, Рӯзи ғалабаро ба собиқадорони ҷанг ва мардуми сулҳхоҳи кишвар самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Рӯзи ғалаба барои наслҳои нав­рас ва ҷавон низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги  шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

- Боиси ифтихори мост, ки садҳо ҳазор нафар фиристодагони халқи тоҷик, яъне, фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон, паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар дар таъмин намудани  ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд, — қайд карданд Сарвари давлат.

Зикр шуд, ки Ҳукумат доир ба нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мунтазам чораҷӯӣ менамояд.

Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи  ғалабаро пос доштанд.

Ҳамчунин, аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе ва хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуданд.

Чорабинӣ бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.

www.president.tj