Cуҳбатҳои телефонӣ

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

29 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуданд.

Дар оғози суҳбат роҳбарони ҳар ду давлат ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 самимона табрик гуфтанд. Зимни табрикоташон Роҳбари давлат, аз ҷумла, ба мардуми дӯсти Россия, дар роҳи пешрафт ба сӯи шукуфоиву тараққӣ дар оянда ҳам собитқадамӣ орзу карданд.

Зикр шуд, ки ҷонибҳо, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта дар робита ба пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки силсилаи чорабиниҳои муҳими сиёсиро, аз қабили раъйпурсии умумироссиягӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии кишвар ва интихоботи парламентиву президентӣ дар Тоҷикистон, муваффақона анҷом диҳанд. Дар ин зимн, ҳамчунин, аҳамияти чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ифодагари ҳамдилии халқҳои ҳар ду кишвар мебошанд, қайд гардид.

Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои аҳамияти байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ва таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

Дар интиҳои суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуданд, ки саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо дар Соли нав низ натиҷабахш хоҳанд буд.

30 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Роҳбарони ҳар ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳамдигарро бо Соли нав самимона табрик намуда, зимни таманниёти нек ба мардуми тоҷику ӯзбек комёбиҳо ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки бо вуҷуди мушкилоти пешомада ҷонибҳо тавонистанд аксари тавофуқоти қаблан бадастомадаро амалӣ гардонанд. Ба ин раванд аз бисёр ҷиҳат ҷаласаи ­Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки коргоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Артел Авесто Электроникс», ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҷониби бародарони ӯзбек дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон сохта шудааст, расман мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сарвари давлат ба иқдомҳои башардӯс­тонаи Ӯзбекистон нисбат ба кишвар ҳамчун шакли олии ифодаи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва дастгирии ҳамдигар баҳои баланд доданд.

Дар охир ҷонибҳо ҳавасмандиро бобати таҳким бахшидани самтҳои ҳамкории дарозмуддату бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ иброз намуданд.

30 декабри соли 2020  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар шахси ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати фарорасии Соли нав самимона табрик намуда, барои ҷомеаи  Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу намуданд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, сипоси худро ба Нурсултон Назарбоев барои табрикоти гарму таманниёти нек ба унвони мардуми Тоҷикистон иброз дошта, таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ба рӯйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи парламентӣ омодагӣ мегирад. Дар иртибот ба ин, Пешвои миллат ба сокинони Қазоқистон баргузории бомуваффақияти чорабиниро, ки омили таҳким ёфтани субот ва ваҳдату ризоят арзёбӣ мегардад, таманно карданд.

Дар рафти суҳбат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши бомуваффақияти муносибатҳои дӯс­тона ва ҳамкории ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистону Қазоқистонро, сарфи назар аз оқибатҳои манфии пандемия, зикр карданд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар тавсеа хоҳад ёфт.

30 декабри соли 2020 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.

Дар оғоз ҷонибҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардуми Тоҷикистону Қазоқистон некуаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба мавзӯъҳои ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон изҳори омодагӣ карданд. Махсусан, таъкид гардид, ки алорағми ҳама мушкилӣ, ки бар асари пандемияи COVID-19 сар заданд, ҷонибҳо тавонистанд рушди мусбати шарикии стратегии Тоҷикис­тону Қазоқис­тонро нигоҳ доранд. Ҳамин аст, ки ҳоло ҳам Қазоқистон ҳамчун яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо саъю талоши муштарак ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо минбаъд ҳам дар ҳама арса идома хоҳанд ёфт.

30 декабри соли 2020 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ баргузор шуд.

Президентҳои ҳар ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати фаро расидани Соли нав самимона табрик намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Беларус осмони соф, субот ва рушди устувор таманно карданд.

Дар рафти суҳбат Сарвари давлат иброз доштанд, ки ба шарофати саъю талошҳои ҷонибҳо муносибатҳои ҳар ду кишвар тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳои судмандро дар чорчӯбаи шарикии босамари стратегӣ минбаъд низ афзоиш хоҳанд дод.

www.president.tj