Cуҳбати телефонӣ

№8 (3645) 29.01.2017

26 январи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф суҳбати телефонӣ намуданд.

Роҳбари давлат бо нахуствазири Покистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади идомаи муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик мулоқот намоянд.

Суҳбат дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

www.president.tj