Дӯстии ҷовидон

№49 (4789) 19.04.2024

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

53662842144_1a9aea5412_o18-уми апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии ­Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикис­тон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягию бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол ­гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекис­тон майдони фурудгоҳ бо аксҳои сарони ҳар ду давлат, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон идона ороста шуд. Ҳамчунин, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои давлатии ҳар ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни суҳбати хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат ­Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайра мақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

18-уми апрели соли равон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ҳар ду давлат анҷом ёфт. Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

 Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар ­Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикис­тон хайра мақдам гуфта, таъкид карданд, ки Ӯзбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Аз ин рӯ, дар рафти мулоқоти сатҳи олии ҳар ду кишвар бо иштироки ҳайатҳои расмӣ оид ба ҳолати имрӯзаи ҳамкорӣ дар ин бахшҳо муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузориш доданд.

Баъди гузориши шахсони масъули ҳукуматҳои ҳар ду кишвар масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ, рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва амният изҳори қаноатмандӣ карданд.

Нақши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар таъмиқи муносибатҳои ҳар ду кишвар назаррас арзёбӣ гардида, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати элект­ронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ самтҳои наву ояндадори робитаҳо дониста шуд.

Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки бастаи нави санадҳои дуҷонибаи имзошаванда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ, заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшанд.

Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзуъҳои дигари музокироти ҳар ду кишвар буда, рушди ҳамкорӣ дар сохтмони муштараки неругоҳҳои бодию офтобӣ аз самтҳои судовари робитаҳои ояндаи ҳар ду кишвар номида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду кишвар ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳан мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.

Дар раванди рушду густариши муносибатҳо ҳамкориҳои байни минтақаҳо, тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони ҳар ду кишвар ва чопи муштараки китобҳои дарсӣ амри муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, таҳкими фаъолияти сохторҳои марбута дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, зуҳуроти ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноят­ҳои кибериро низ баррасӣ карданд.

Дар рафти мулоқот, ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ муҳокима гардиданд.

 Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.

53662188586_4f33d8063a_oДар маҷмӯъ, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо аз тарафи намояндагони ҳайатҳои расмӣ табодули санадҳои нави имзошуда сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷиҳати рушди муносибатҳои байниминтақавии ҳар ду кишвар 6 созишнома оид ба ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

Созишномаҳо, протокол, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорие, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбе­кистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд, рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳиму афзалиятноки сарҳад, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, саноат, алоқаи ҳавоӣ, алоқаи байналмилалии автомобилӣ, сохтмони пул, комплекси агросаноатӣ, байторӣ ва бехатарии озуқаворӣ, фарҳанг, китобдорӣ, тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, сайёҳӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзиро таъмин менамоянд.

Бо итминон метавон гуфт, ки санадҳои нави имзошуда заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ҳар ду кишварро ба таври назаррас таҳким мебахшанд.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ неку назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба имзо расидани шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, бахусус Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, барои густариши бесобиқаи робитаҳо роҳи васеъ боз менамояд.

 18-уми апрели соли ҷорӣ дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикис­тон ва Ӯзбекистон ба як гурӯҳ ҳунармандони ҳар ду кишвар баргузор гардид.

53662516600_f3fb791a5a_oБо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон чор нафар — Озодбек Назарбеков, Муножатхон Юлчиева, Ағабай Сабиров ва Юлдуз Усмонова бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Ёдгор Сагдиев бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи сарфарозгардонии гурӯҳи арбобони санъат ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии наку, ҳамчунин, барои пешбурди фаъолияти самарабахш ҷиҳати ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар Миралӣ Достиев, Исмоил Назриев, Фурқат Саидов, Тулқин Тоҷибоев ва Раҳматулло Ҳошимов бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шуданд.

 18-уми апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукӯҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Ӯзбекис­тон бо номи «Дӯстии ҷовидон» баргузор гардид.

53662546991_a8590de184_oДар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ — толори Кохи Борбад бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ҳар ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.

53662891244_e673f24b3c_oБаргузории барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» намунаи олии ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

Консерти ҷаззоби «Дӯстии ҷовидон» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ҳар ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

19-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.

defaultЧорабинӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт.

Нахуст, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанберо расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикис­тон ва Ӯзбекистон садо доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи сафорат боздид ба амал оварда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзую ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ҳар ду кишвар соядаст гузоштанд.

Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуда буд.

Дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар шаҳри Тошкент Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.

 19-уми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.

53664185618_f86b4013ca_oДар намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 200 ширкати истеҳсолию тиҷоратӣ 1500 намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин, масолеҳи сохтмонӣ, атриёт, ашёи рӯзгор, 60 намуди техника, маҳсулоти полиграфӣ ва техникаи электронии маиширо ба маъраз гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар намоишгоҳ бо намунаҳои молу маҳсулот ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои кишвари ҳамсоя шинос шуданд.

Сарони давлатҳо барои ­таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикис­тону Ӯзбекистон ба ҳукуматҳои хеш дастуру супоришҳо доданд.

Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулот омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дониста мешавад. Ин аст, ки барои устуворсозии риштаҳои ҳамкории тоҷирону соҳибкорон асосҳои воқеӣ муҳайё мебошад.

Иродаи қавӣ ва иқдомҳои хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо устуворсозии решаҳои дӯстию бародарӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳои дуҷониба, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, мустаҳкам гардонидани робитаҳои дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек, афзун намудани гардиши мол, истифодаи самаранок аз захираҳои ҳар ду кишвар ва дар маҷмӯъ, ба беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии шоиста заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ ҳоло 400 корхонаи муштараки саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолияти пурсамар дошта, соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду кишвар бо истифода аз захираю имконоти мавҷуда ҳамкории тиҷоратиро зина ба зина густариш медиҳанд.

 19-уми апрели соли 2024 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19 апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.

53664096511_bfdfeefee5_oЗимни ин сафар меҳмони олимақом муҳтарам Шавкат ­Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин сафар дар Кохи Борбад барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва дар Маркази ЭКСПО намоиши миллии молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон баргузор гардида, ба хотири рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтирому самимияти хос меҳмони олиқадр муҳтарам Шавкат Мирзиёевро Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.

www.prezident.tj