10 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна оғоз бахшиданд.
Меҳмонхонаи «Сафо плаза» бо тарҳу усули муосир ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷунайдулло Азизов бунёд мегардад. Ин тадбир дар рушду пешрафти бештари соҳаи сайёҳии мамлакат ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад намуд.
Иншоот дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад ва дар он қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона аз 12 ошёна ва 97 ҳуҷра иборат хоҳад буд. Дар он дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонида мешавад.
Дар иншоот ҳамчунин, маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толорҳои машваратӣ, варзиш, кинотеатр, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва ғайра ҷой гирифта, баҳри ороиши намои берунаи он нақшу нигори миллӣ истифода мегардад.
Дар ин мавзеъ, ҳамчунин, аз тарафи коргарони Ширкати «Декор Инвест» дар масоҳати 5 гектар шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон бунёд меёбад.
Тибқи нақша, 22 бинои истиқоматии дар он ҷо бунёдшаванда аз 6, 7 ва 8 — ошёна иборат хоҳанд буд. Ба илова, сохтмони кӯдакистон барои дар як вақт ба тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак ва мактаб барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст.
Дар шаҳраки нав маркази хизматрасонии коммуналӣ ва нуқтаи хизматрасонии тиббӣ низ бунёд карда мешавад.
Муҳлати сохтмони шаҳрак дар се марҳила 5 сол муқаррар гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ баҳои арзанда дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят карданд.
10 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои бунёди меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ оғоз бахшиданд.
Он ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа, иншоот аз 115 ҳуҷра бо шароити замонавӣ иборат гардида, имкони қабули 200 нафарро дар як вақт хоҳад дошт.
Меҳмонхона дорои 2 толори маҷлис, марказҳои хизматрасонӣ — фароғатӣ, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ, қаҳвахона, мағозаи либос ва ғайра хоҳад буд.
Бинои он, ки аз 9 — ошёна иборат мешавад, бо дарназардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёри марказҳои хизматрасонии сеситорадор бунёд мегардад.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ то 100 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва баъди пурра ба истифода додани он 50 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Дар асоси нақша, оянда аз ҷониби соҳибкор кӯдакистон бо 300 ҷой ва мактаби ибтидоӣ барои 540 нафар сохта хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро назаррас арзёбӣ карда, ҷиҳати иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар вақти муайянгардида ба истифода супоридани меҳмонхона дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
10 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавии чорситорадор оғоз бахшиданд.
Нахуст Сарвари давлат бо лоиҳаи он шинос шуданд. Сохтмони меҳмонхона аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Тоҳир Ҳукуматов дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7 августи соли 2019 ба роҳ монда мешавад.
Меҳмонхонаи 18 — ошёна ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд. Мутобиқи лоиҳа, иншоот дорои 90 ҳуҷра буда, дар як вақт ба 300 нафар хизмат мерасонад.
Дар меҳмонхона бунёди марказҳои хизматрасонӣ – фароғатӣ, толорҳои маҷлис, машварат ва варзиш, ҳавзи шиноварӣ, кинотеатр, тарабхона, қаҳвахона, таваққуфгоҳи зеризаминӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз пурра ба истифода додани он 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст баҳои баланд дода, баҳри иҷрои босифати корҳо ва риояи талаботи санъати баланди меъмории миллӣ дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Соҳибкори ватанӣ бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки иншооти мазкурро то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне, дар давоми ду сол, бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта, мавриди истифода қарор диҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои меҳмонхонаи баландошёна оғоз бахшиданд.
Бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи сеситорадор аз 22 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватандӯст Бахтиёр Саидов бунёд мегардад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт. Баробари ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмӯъ беш аз 250 ҷойи корӣ таъсис меёбад.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки шумораи ҳуҷраҳои меҳмонхона 70 ададро дар бар мегирад ва имкон хоҳад дошт дар як вақт ба 200 нафар хизмат расонад.
Дар дохили бино марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатӣ, 234 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ ва қаҳвахона сохта шуда, дорои таваққуфгоҳи зеризаминӣ хоҳад буд.
Иншоот дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди бинои муосир дар пойтахти мамлакат изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанан бинои муҳташам инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал ва дар самти хизматрасонии баланд ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шароити арзанда фароҳам мегардад.
www.president.tj