Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма
якуми марти соли 2016, шаҳри Душанбе
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, рӯзноманигорон ва ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, мехоҳам иброз дорам, ки воситаҳои ахбори оммаи кишвар, бахусус телевизион ва радио, дар доираи принсипҳои воқеънигорӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии фикру андеша ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, ба халқу Ватани худ хизмат карда истодаанд.
Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу Давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.
Қобили зикр аст, ки ин дастгоҳи муқтадири иттилоотӣ дар бобати сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои таърихиву фарҳангии мардум ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин ахбору навигариҳо аз дохилу хориҷи кишвар мавқеи асосӣ дорад.
Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳими воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ шабакаҳои иттилоотии мамлакат хеле рушд карда, имрӯз инфрасохтори соҳа ба шароит ва талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шудааст.
Дар баробари рушди шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ки ба инъикоси масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ машғул мебошад, шабакаҳои алоҳидаи фарҳангӣ, иттилоотӣ ва кӯдакону наврасон таъсис ёфта, заминаҳои моддиву техникии онҳо хеле тақвият ёфтаанд.
Имрӯз боз ду шабакаи нави телевизионӣ бо номҳои «Варзиш» ва «Синамо» ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки бешубҳа, дар самти пурра гардонидани фазои иттилоотии кишвар саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Ба фаъолият шурӯъ намудани ду шабакаи барои пешрафти ҷомеа зарурӣ ва Академияи воситаҳои ахбори омма идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати кишвар буда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии кормандони телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин тарғиби боз ҳам бештари арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ созмон дода шудаанд.
Вобаста ба ифтитоҳи ду шабакаи нав ва ба фаъолият оғоз кардани Академия кулли кормандони телевизион ва радио, ҳамчунин кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро табрик менамоям.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки таъсиси шабакаҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии кишвар ба иттилооти зарурӣ мусоидат менамояд.
Биное, ки имрӯз барои фаъолияти се муассисаи навтаъсис ба истифода дода шуд, аз ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ, утоқҳои озмоишӣ ва хизматрасонии техникӣ иборат мебошад.
Дар ин муассисаҳо 215 ҷойи кории нав муҳайё гардида, андозаи миёнаи маоши кормандон то 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, инчунин масъулони муассисаҳои навтаъсис супориш дода мешавад, ки интихобу ҷобаҷогузории кадрҳоро аз ҳисоби кормандони баландихтисоси касбӣ, аз ҷумла онҳое, ки забони давлатиро дар сатҳи аъло медонанд, маҳорату қобилияти баланди сухангӯйӣ доранд ва дорои таҷрибаву малакаи кор бо технологияҳои замонавӣ мебошанд, тавассути озмун ба роҳ монанд.
Дар давоми солҳои охир дар кишварамон шумораи зиёди иншооти варзишӣ ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо ҷалби ҷавонон ба навъҳои гуногуни варзиш тавсеа ёфта, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни дохиливу байналмилалӣ торафт афзуда истодааст.
Дар давоми солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат 19 варзишгоҳ, 621 майдонча ва 110 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, 2700 майдонча ва 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст.
Чунин шароит имкон дод, ки иштироки варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар бамаротиб афзуда, шумораи барандагони ҷоизаҳои байналмилалӣ ва умуман, дӯстдорони варзиш зиёд гардад.
Ҳадаф аз таъсиси шабакаи давлатии телевизиони «Варзиш» низ муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати варзишгар, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад.
Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Қобили таъкид аст, ки дар ин кори хайр телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи навтаъсиси телевизиони «Варзиш» хизмати арзандаро ба ҷо оварда метавонанд.
Бояд гуфт, ки шабакаи «Варзиш» бори нахуст ба таври рақамӣ ба тавассути моҳвораи алоҳида пахш шуда, сатҳу сифати намоишҳои он аз дигар шабакаҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
Яъне, тамоми техникаву таҷҳизоти ин шабака рақамӣ буда, сифати баландтарини тасвирро таъмин мекунад ва барои тарғиби дастовардҳои соҳаи варзиш шароити беҳтаринро фароҳам оварда метавонад.
Вобаста ба ин, роҳбарияти кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишии мамлакат вазифадоранд, ки ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи шаклҳои гуногуни варзиш, бахусус навъҳои олимпии он, муаррифии бештари варзишгарони номдори мамлакат, тарбия намудан ва ба камол расонидани варзишгарони дорои малакаи баланди касбӣ, оммавӣ гардонидани варзиш ва ривоҷ ёфтани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа тадбирҳои муассир андешанд.
Зимни анҷоми ин корҳо дар назар бояд дошт, ки имрӯз шахсони солиму тавоно, ҷавонони соҳибмаърифат, аз лиҳози ҷисмониву рӯҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, меҳнатдӯст, мушкилнописанд, ватанпарвар ва соҳиби ахлоқи неку шоиста барои кишварамон ниҳоят зарур мебошанд.
Мо бояд ҷавонону наврасонро дар рӯҳияе тарбия намоем, ки онҳо тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд, Ватани худро сидқан дӯст доранд ва барои ҳимояи марзу буми он ҳамеша омода бошанд.
Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба солимӣ ва осоишу оромии инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз қабили бемориҳои гуногуни сирояткунанда, нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои номатлуб гаравидани ҷавонон таҳдид мекунанд, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимтарини пешгирикунанда мебошад.
Аз ин хотир, роҳбарияти шабакаи телевизиони «Варзиш»-ро зарур аст, ки намоишҳоро ба таври замонавӣ, дар сатҳи баланди касбӣ ва бо ҷалби мутахассисону донишмандон ва варзишгарону мураббиёни соҳибтаҷриба таҳия ва ба тамошобинон пешкаш намояд.
Ҳамзамон бо ин, дар омода намудани мураббиёни баландихтисоси намудҳои алоҳидаи варзишӣ, олимон ва шореҳони касбии соҳаи варзиш чораҳои зарурӣ андешад.
Дӯстони азиз!
Синамои тоҷик таърихи пурифтихор дошта, як қатор филмҳои он шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд. Бо мақсади идома бахшидан ба анъанаҳои неки синамои миллӣ синамогарони тоҷик дар даврони истиқлолият тавонистанд масъалаҳои мубрами рӯз ва набзи ҷомеаро дар як силсила филмҳои худ инъикос намоянд.
Ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳҳои муҳими тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёри мо, омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикоси масири пешрафти рушди он ба ҳисоб меравад.
Мақсад аз таъсиси телевизиони «Синамо» ба мардум ҳар чӣ бештар пешниҳод намудани ғизои маънавӣ тавассути филму наворҳои гуногунжанри миллӣ, инчунин омодасозии мутахассисони соҳа ва ба ин васила таъмин кардани рушди минбаъдаи кинои тоҷик мебошад.
Дар иртибот ба ин, як масъаларо махсус таъкид месозам. Вақти он расидааст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои таҳмилии дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зӯроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад.
Дар шароити имрӯза кинои тоҷик имкон дорад, ки дар баробари мусоидат ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, густариши оинҳои фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, инчунин дар таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи кишвар саҳми пурарзиш гузорад. Барои амалӣ намудани чунин амали нек танҳо завқи баланд ва қобилияту истеъдоди эҷодӣ лозим аст.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа диққати махсус медиҳад. Бояд гуфт, ки ҷиҳати ба василаи муассири тарбиявию тарғиботӣ табдил ёфтани кино роҳбарону масъулин ва мутахассисони соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ҳар чӣ бештар саъю талош карда, пеш аз ҳама, дар самти такмили маҳорати касбӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбияти коргардонҳо ва онҳое, ки филмнома менависанд ё нақш меофаранд, чораҳои доимӣ андешанд.
Фаромӯш набояд кард, ки инкишофу тараққиёти ҳар як давлат, таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии он бе ширкати фаъолонаи аҳли эҷоду ҳунар, бахусус синамогарон, мушкил аст. Яъне, сатҳу сифати зиндагии ҳар як давру замон бо дастоварду пешрафт ва каму костагии худ маҳз дар филмҳо инъикос ёфта, ин жанр ифодагари асосии таърихи халқу миллат мебошад.
Ҳозирини арҷманд!
Дар биное, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, илова ба шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Синамо», инчунин Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон низ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Вазифаи муассисаи мазкур тарбияи мутахассисони болаёқати воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, аз ҷумла шабакаҳои телевизиониву радиоӣ мебошад. Роҳбарону мутахассисони Академия бояд доир ба такмили барномаҳои телевизион, боз ҳам беҳтару ҳадафрас намудани гуфторҳои радио ва ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти матбуоти даврӣ мусоидат намоянд.
Бо дарназардошти ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани услуби фаъолияти воситаҳои ахбори омма Академия бояд омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафтаро дар самти пешбурди корҳои тарғиботиву иттилоотонӣ, омодасозии кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосир ба роҳ монад.
Муҳимтар аз ҳама, бо таъсиси Академия бояд сатҳи касбӣ ва завқи бадеии кормандони соҳа такмил дода, рушди воқеии воситаҳои ахбори оммаи мамлакат таъмин карда шавад.
Академия аз шуъбаҳои телевизиону радио, нашриёти даврӣ, технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши технологияи компютерӣ ва нозукиҳои ҳунари дизайнерӣ иборат буда, шунавандагону мутахассисони соҳа метавонанд аз махзани китобхонаи он, ки дорои 7000 нусха адабиёти илмиву бадеӣ ва соҳавӣ мебошад, истифода баранд.
Дар ин боргоҳи илму маърифат бо ҷалби мутахассисони шинохтаи дохиливу хориҷӣ табодули таҷрибаи пешқадам ва сабку услуби муосир, гузаронидани фестивалу ҳамоишҳои касбии дохиливу байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин омил дар тарбияи кадрҳои касбии соҳа нақши муҳим хоҳад гузошт.
Таъсиси Академияи воситаҳои ахбори омма тадбири зарурӣ буда, чунин ниҳоди илмиву таҳқиқотӣ воситаи асосии таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ ба шумор меравад.
Роҳбарияти Академияро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиву ташкилотҳои рӯзноманигорӣ, аз ҷумла созмонҳои мустақили журналистӣ, ки дар пешрафти матбуот ва озодии сухан саҳми арзанда доранд, ҳамкорӣ намояд.
Ҳамчунин, роҳбарону мутахассисони Академия бояд бо вазоратҳои маорифу фарҳанг, факултаҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавии кишвар ҳамкорӣ карда, ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Дар заминаи Академияи воситаҳои ахбори омма, дар баробари баланд бардоштани малакаи касбӣ ва такмили ихтисос, инчунин барои омода намудани муҳаққиқону таҳлилгарони сиёсӣ, мунаққидону коршиносон ва олимоне, ки дар мавзӯъҳои воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион ва радио, рисолаҳои илмӣ ҳимоя мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари ин, Академияи мазкур бояд ба масъалаи омода намудани мутахассисоне, ки ба таҳияи матни барномаҳо, сенарияҳо ва таҳлили назарсанҷии соҳа машғул мешаванд, диққати махсус дода, ҷалби ҷавонони эҷодкорро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монад.
Бовар дорам, ки бо дарназардошти чунин имкониятҳои зиёд фаъолияти Академия дар байни журналистони кишвар рақобати солимро ба вуҷуд оварда, дар навбати худ масъулини муассисаҳои олии кишварро водор месозад, ки ҷиҳати такмили маҳорати касбӣ ва омодасозии шогирдон дар самти рӯзноманигорӣ кӯшиши бештар намоянд.
Вобаста ба ин, Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки роҳҳои муосири омӯзиши афкори ҷомеаро пайдо намуда, дар доираи барномаҳои замонавии таълимӣ ба тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони соҳа ҷиддӣ машғул шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Пешрафти рӯзафзуни технологияҳои коммуни-катсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки бо истифода аз чунин имкониятҳо ба сифати баланди таҳия ва пахши барномаҳо, сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилооти зарурӣ, инчунин сарфаи вақт, маблағу восита, аз ҷумла қувваи барқ, ки барои мо хеле муҳим аст, ноил шудан мумкин аст.
Се сол пеш кишвари мо дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба пахши рақамии барномаҳои телевизион шурӯъ намуд ва бояд шабакаҳои телевизионии мо дар муҳлатҳои наздиктарин пурра ба ин шакли фаъолият гузаранд.
Пахши рақамӣ технологияи навтарини ҷаҳонист, ки дақиқияти баланд, сифати олии тасвиру садоро ба вуҷуд меорад. Ин низом имконияти беҳудуди истифода аз теъдоди зиёди шабакаву хизматрасониҳоро доро мебошад.
Тавре ки огоҳед, дар тӯли чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ мо бо саъю талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишварамон ба корҳои ободониву созандагие даст задем, ки ба ақидаи бисёриҳо иҷронашаванда буд.
Дар инъикоси воқеии ин амали пуршараф барои хабарнигорон ва масъулини воситаҳои ахбори омма, албатта, маҳорату истеъдод, завқи баланд ва малакаву истеъдоди касбӣ зарур аст.
Вазифаи роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, инчунин шабакаҳои навтаъсис аз он иборат аст, ки онҳоро дарёфт, тарбия ва дастгирӣ намоянд.
Дар чунин марҳала пурра гардонидани фазои иттилоотии кишварамон ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои асосии Давлат ва Ҳукумати кишвар буда, воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, нисбат ба дигар расонаҳои иттилоотӣ бояд фаъол бошанд.
Зеро телевизион ва радио ҳамчун яке аз василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хоса дошта, дар баробари дигар хизматҳо метавонад дар огоҳонидан ва пешгирӣ кардани хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дошта бошад. Барои расидан ба чунин ҳадафи созанда, дар баробари дигар шабакаҳо, муассисаҳои навтаъсис низ бояд ҳамаҷониба омода бошанд.
Дар баробари ин, пешниҳод менамоям, ки минбаъд шабакаи якуми телевизионӣ шабакаи «Тоҷикистон» номгузорӣ карда шавад.
Бо номи «Тоҷикистон» ба роҳ мондани фаъолияти шабакаи марказӣ ин ифтихор аз Давлату давлатдории миллӣ, эҳтиром ба номи кишвар ва яке аз роҳҳои муаррифии шоистаи Ватани маҳбубамон ҳамчун рамзи ҳастии миллат мебошад.
Намоишҳои телевизион бояд тамошобини худро ба иҷрои корҳои неку созанда роҳнамоӣ кунанд, дар ниҳоди онҳо эҳсоси ватандӯстиву муҳаббатро ба сарзамини биҳиштосоямон ҷой дода, ахлоқу одоби ҳамида ва сифатҳои неки инсониро тарғиб карда тавонанд.
Ман аз замони таъсису ташаккулёбии ин ниҳод доим таъкид менамоям, ки телевизион бояд симои миллӣ дошта бошад ва дар фаъолияти худ ба тақлиду нусхабардорӣ роҳ надиҳад. Одоби касбии рӯзноманигорӣ, холисона баррасӣ намудани масъалаҳои дар ҷомеа рухдода, беғаразона инъикос намудани онҳо, симои зоҳирӣ ва риояи меъёрҳои ҷаҳонии соҳа бояд қатъиян риоя карда шавад.
Бахусус, дар таҳияи матнҳои мукаммали санҷидашуда ва услуби баён, маводи таҳлилии нишонрасу саривақтӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ аз кормандони соҳа дониши мукаммали таҳлилӣ ва сатҳи баланди касбиро тақозо менамояд.
Агар барномаҳои имрӯзаи телевизионро бо намоишҳои панҷ — даҳ соли пеш муқоиса кунем, албатта, мебинем, ки сатҳи омода намудани барномаҳо ва касбияти коргардонону журналистон беҳтар шудааст, вале хеле кам.
Чунин ба назар мерасад, ки маҳсули тафаккури эҷодӣ, истеъдоди асили офарандагони ғизои маънавӣ барои тамошобин ва шунаванда ҳанӯз ҳам ба дараҷаи қонеъкунанда нест.
Дуруст аст, ки телевизион ва радио бояд аслан расонандаи иттилоот бошад, вале рисолати журналист фақат бо нишон додани ҳодисаву воқеоти рӯйдода ба анҷом намерасад.
Вобаста ба ин, чанд масъалае ҳаст, ки ин ҷо мехоҳам ба самъи роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ ва умуман таҳиягарони барномаҳои телевизионӣ расонам.
Аввалин нуқсе, ки дар барномаҳо мушоҳида мешавад, сифати пасти тасвиру навор мебошад, ки аз набудани наворбардорони касбӣ гувоҳӣ медиҳад. Борҳо ба роҳбарони Кумитаи телевизион ва радио ва дар суҳбатҳои алоҳида бо худи наворбардорон низ таъкид намудаам, ки аз болои худ кор кунед, ихтисос ва маҳорати касбии худро такмил диҳед, вале, мутаассифона, ин масъала то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Ба сару либос ва ҳаракатҳои шахсони сабтшаванда, яъне онҳое, ки дар эфиранд, кам аҳамият дода мешавад ва ин камбудӣ ҳатто дар вақти танзим низ бартараф намегардад. Камбудии сару либос, ҳаракатҳои ноҷо ё дигар ҳолатҳое, ки бояд рӯи навор набошанд, дар экран тез-тез ба мушоҳида мерасанд, ки ин боиси аз даст додани тамошобин, паст задани шаъну шарафи шахс ва костагии завқи зебоипарастии бинанда мегардад.
Бе омодагии пешакӣ барои таҳияи намоиш нишастани журналистон масъалаи аз ҳама асосӣ мебошад. Ин масъала низ борҳо гуфта шуда буд, вале ҳоло низ мебинем, ки як нафар имрӯз барномаи кишоварзӣ, фардо барномаи мусиқиро мебарад, рӯзи дигар аз иқтисодиёти ҷаҳон ва буҳрони молиявӣ суҳбат мекунад.
Ин камбудӣ агар аз нарасидани кадр бошад, пас бояд журналистон ҳанӯз аз курсии донишҷӯйӣ ба тахассусҳои алоҳида ҷудо карда шуда, ба таври мақсаднок доир ба масъалаҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ, ҳарбиву сиёсӣ, фарҳангу маориф ва дигар бахшҳо маълумоти кофӣ пайдо кунанд ва ҳангоми суҳбат аз умумигӯйиҳое, ки мардум аз онҳо дилбазан мешаванд, худдорӣ намоянд.
Камбудии дигаре, ки аз ҷониби ровиёни барномаҳо зуд – зуд ба назар мерасад, худнамоии бемаврид, худро ҳамадон вонамуд кардан ва риоя накардани маданияти суҳбат, бемаврид буридани сухани мусоҳиб, гӯш накардан ба суханони ҳамсуҳбат ва дар рафти барнома хотирпарешон нишастан аст, ки ин камбудии ҷиддии коргардонҳо низ мебошад.
Наттоқони барномаҳои иттилоотӣ аксар вақт гектарро аз садяк, миллиардро аз миллион, килоро аз тонна фарқ намекунанд, ки ин ибораҳо дар эфир борҳо садо додаанд. Номи шаҳрҳо ва минтақаву давлатҳои ҷаҳон аз забони наттоқони шабакаҳо хато, бо задаи бемаврид ва мантиқан нодуруст талаффуз мешаванд, ки ин аз надоштани касбияти гӯянда гувоҳӣ медиҳад.
Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки тавассути оинаи нилгун ва мавҷи радио шаҳду зебоии забони ширину шоиронаи тоҷикиро ҳам ба ҳамватанони азизамон ва ҳам ба миллионҳо нафар бинандаву шунавандаи кишварҳои хориҷии дуру наздик мерасонед ва ин кор аз шумо масъулияти зиёдро тақозо мекунад.
Фаромӯш насозед, ки телевизион ҳамчун минбари ифодаи мақсаду маром ва ормонҳои миллӣ барои аҳли фарҳангу ҳунар ва илму адаб даргоҳест, ки масъулияти зиёд талаб мекунад. Ин даргоҳ дар оғӯши худ садҳо нафар ашхоси маъруф ва донишмандони соҳибэҳтироми ҷомеаро тарбия карда, ба камол расонидааст.
Дар хотир дошта бошед, ки аллома Бобоҷон Ғафуров замоне фаъолияти худро аз касби пуршарафи рӯзноманигорӣ оғоз карда буд ва тавре ки аз зиндагии пуршарафи ӯ бармеояд, касби рӯзноманигорӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва таҷрибаи ҳаётии вай нақши муҳим бозидааст.
Ҳамзамон бо ин, метавон чандин шахсиятҳои номдори кишварро ном бурд, ки таҷрибаи кору зиндагии худро маҳз дар ин минбари эҷоду ҳунар сайқал дода, ба дараҷаи камолот расидаанд.
Қобили зикри махсус аст, ки дар барномаҳои иттилоотӣ низоми фаврият, яъне фавран расонидани хабар нест ва рӯйдодҳое, ки шабакаҳои ҷаҳонӣ соатҳо инъикос менамоянд, дар телевизионҳои мо баъди як шабонарӯз, ҳаҷман хеле кам инъикос мешаванд ва дар аксар маврид матни тарҷумаи онҳо низ пурра фаҳмо нест, аз ин сабаб мардум иттилооти дақиқро аз дигар шабакаҳо меҷӯянд.
Набудани ғояи ягона ва мавзӯи дақиқ аз масъалаҳои дардноки барномаҳост, ки журналист атрофи якчанд мавзӯъ сарсарӣ омода мешаваду ба тамошобин чизе гуфта наметавонад. Ҳатто, баъзан олимону академикҳоро сухан гуфтан намемонад.
Дар сатрҳои равон соатҳо хатоҳои имлоиву техникӣ меравад, вале касеро парвое нест.
Ороиши замонавии барномаҳо, интихоби мусиқии академӣ ва халқӣ, васфи рӯзгори ашхоси дар ҳақиқат сазовори эҳтироми ҷомеа ва чеҳраҳои замони соҳибистиқлолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва сару либоси ороставу зебои миллӣ хеле кам ба мушоҳида мерасад.
Аз муҳтавои баъзе барномаҳо ва таърифу тавсифи бемантиқи баъзе ашхос чунин хулоса мебарояд, ки гӯё дар фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, хусусан дар маҳалҳо, ягон камбудӣ нест.
Ҳол он ки доир ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва иҷрои қонунҳо аз ҷониби сохтору мақомоти гуногун, аз ҷумла аз тарафи хизматчиёни давлатӣ беҳтарин маводу барномаҳои таҳлилӣ омода кардан мумкин аст.
Ман борҳо таъкид карда будам, ки агар ба масъалаи васфи зебоиҳои Тоҷикистон ва иҷрои рисолати касбӣ ҷиддӣ муносибат кунед, маводу барномаҳое таҳия карда метавонед, ки сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошанд.
Махсусан хотирнишон месозам, ки ҷавонон, бахусус насли наврас, бояд барои худ идеал ва роҳеро интихоб намоянд, ки шумо — кормандони телевизион онҳоро набояд тасодуфан, балки ҳаматарафа омӯхта, баъд пешниҳоди мардум гардонед. Масъалаи реклама низ борҳо мавриди интиқод қарор гирифт, вале ҳоло ҳам ба низоми муайян надаромадааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки дар замонаи таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва тезутундшавии зиддиятҳои геополитикӣ ахбор ва гузоришҳои телевизиону радио ҳамчун воситаи муҳими таъсиргузории сиёсӣ барои таъмини амнияти давлатҳо нақши калидӣ доранд.
Ҳар як кишвар ё ҳукумате, ки дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб мегардад, амният ва пойдории сохти конститутсионии худро ҳифз карда наметавонад. Тавре ки ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ва кишварҳои Шарқи Наздик нишон доданд, «инқилобҳои ранга» аввал дар фазои иттилоотӣ амалӣ гардида, сипас ба воқеияти сиёсӣ табдил ёфтанд.
Айни замон дар кишвари мо 70 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол аст, ки аз ин ҳисоб 9 телевизион ва 10 адад радио давлатӣ, 31 телевизион ва 20 радио ғайридавлатӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки фазои иттилоотии кишвар ҳанӯз осебпазир ва таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд аст. Алҳол мавҷҳои телевизиони «Шабакаи якум» 99,7 фоиз, «Сафина» 84,6 фоиз, «Баҳористон» 84 фоиз ва «Ҷаҳоннамо» 75,7 фоизи ҳудуди мамлакатро фаро гирифтаанд, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир қонеъкунанда нест.
Ҳатто дар шаҳри Душанбе бинобар паст будани муҳтавои барномаҳои телевизионҳои давлатӣ ва камбудиҳои техникӣ қисми муайяни аҳолӣ онҳоро тамошо намекунад.
Ин масъаларо низ дар назар бояд дошт, ки телевизиону радиоҳои маҳаллии ғайридавлатӣ ё хусусӣ аксаран пойбанди манфиатҳои молиявӣ буда, бештар иттилооти тиҷоратӣ, реклама, барномаҳои каммазмуни фароғатӣ пахш мекунанд ва ба мавзӯъҳои тарбиявӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарғиби сиёсати Ҳукумат муносибати ҷиддӣ надоранд.
Дар шароити имрӯза рисолати асосие, ки дар назди телевизион қарор дорад, инъикос ва пайгирии мушкилоти ҷомеа аст.
Шабакаи якуми телевизион бояд бештар шарҳу тафсири масъалаҳои сиёсиро роҳандозӣ намояд, вале дар он аксаран барномаҳои истироҳативу фарҳангӣ, спектаклу кинофилмҳо ва консертҳо такрор ба такрор намоиш дода мешаванд.
Беҳтар мебуд, ки дастовардҳои Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар муддати 25 сол бо истифода аз факту рақам ва далелҳои воқеан раднопазир аз деҳа то вилоят дар шакли барномаҳои саволу ҷавоб ва муқоиса бо вазъи солҳои пеш бо иштироки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа (коргарону кишоварзон, зиёиён, ронандаҳо, духтурону муаллимон ва гурӯҳҳои дигари аҳолӣ) ба маърази тамошо гузошта шаванд.
Шабакаи «Ҷаҳоннамо» дар таҳия ва пахши барномаҳои таҳлилӣ, инчунин пешниҳоди ахбор бо забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ бояд роҳу воситаҳои наву замонавиро истифода барад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар ҷараёни пахши гузоришҳои иттилоотӣ кӯтоҳбаёнӣ, нутқи бурро ва калимаву ибораҳои нишонрас ба назар гирифта шавад.
Дар телевизиони «Сафина» ҳангоми тарҷумаи филмҳои ҳуҷҷатӣ фақат кайҳон, сайёраҳо ва ҳайвонот не, балки масъалаҳои ҷолиби диққати таърихиву бостоншиносӣ, бахусус илмиву технологӣ низ мавриди баҳс қарор дода шаванд.
Масъулини телевизиони «Баҳористон» зимни таҳияи барномаҳо шарҳу тафсири мақому манзалати дониш, технология ва маърифати даврони муосирро барои дар рӯҳияи зебоиписандӣ, навандешӣ, бунёдкорӣ, инсоншиносӣ ва донишмандӣ тарбия кардани насли наврас тақвият бахшанд.
Дар радиоҳои давлатӣ, аз ҷумла радиои «Ховар», ки бояд ҳамчун дастгоҳи тарғибкунандаи сиёсати давлатӣ хизмат намояд, тарғиби самтҳои стратегии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат суст ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки рисолати асосии радио, яъне ба вуҷуд овардани афкори умумии созанда ва солим аз байн рафта, пахши гуфторҳои фарҳангиву фароғатӣ, суруду мусиқиҳои бегона, саволу ҷавоби бемантиқи шунаванда бо радио афзоиш ёфтааст.
Тақрибан 90 фоизи сурудҳои тоҷикие, ки дар мавҷи радиоҳо пахш мешаванд, маҳсули студияҳои шахсӣ буда, матнашон ба худи сарояндагон тааллуқ дорад. Амалан, шабакаҳои радио ба минбари рекламаи суруду мусиқии ғайрикасбӣ ва сабуку хасакӣ табдил ёфта, баръакс, мусиқии касбии эстрадӣ, асарҳои симфонӣ ва мусиқии миллии «Шашмақом» ва «Фалак» аз мадди назар дур мондаанд. Бо ин сабаб қишри калонсоли ҷомеа хоҳиши гӯш кардани радиоҳои давлатиро надорад ва завқи ҷавонон ба фарҳангу мусиқии аҷдодӣ ва асили мардумӣ коҳиш ёфта истодааст.
Боз як масъалаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам, ки баъзе доираҳои манфиатҷӯй воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун фишанги таъсиррасонӣ ба фарҳангу маданият ва давлатдории миллии тоҷикон моҳирона истифода бурда, ба ин васила мехоҳанд ҳадафҳои душманонаи хешро амалӣ гардонанд.
Тарғиби идеяҳои мухолиф ба арзишҳои миллӣ аз тарафи хоинони миллат, парастиши радикализми динӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротӣ ба сохти конститутсионӣ пайомадҳои хатарнок дорад. Дар натиҷаи пайдо шудани холигоҳи иттилоотӣ ҳоло як қисми аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, таҳти таъсири рӯҳониёни мутаассиб ва хурофотпарасту ифротгаро, ки барои онҳо мафҳумҳои «миллат», «давлатдории миллӣ», «истиқлолияти миллӣ», «дунявият», «тараққиёт», «илм» ва «техника» бегонаанд, қарор гирифтаанд. Омили мазкур яке аз сабабҳои асосии гаравиши ҷавонон ба сафи созмонҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» маҳсуб меёбад.
Дар чунин вазъ зарур аст, ки дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба намоиши барномаву филмҳои пуртаъсир, матлабҳои нишонрас ва ифшосозандаи ҳадафҳои зишту хатарбори ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин наворҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ афзалияти бештар дода шавад.
Ҳамчунин, барои дур кардани таваҷҷуҳи насли ҷавон аз тамошои шабакаҳои тарғибкунандаи мафкураи зӯровариву ифротгаройӣ, барномаҳо, мусоҳибаҳо ва филмҳои дорои мазмуни баланди маърифативу ахлоқӣ ва худшиносиву ватанпарастӣ намоиш дода шаванд.
Дар ин самт, зарур аст, ки Шӯрои бадеӣ фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро дар асоси талаботи замони муосир, нишон додани посухи сазовор ба «ҷангҳои иттилоотӣ» ба муқобили Тоҷикистон, истифодаи суруду мусиқии баландмазмун ва саволу ҷавобҳои муассири телефонӣ бо шунавандаҳо таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
Муҳтарам аҳли эҷоду ҳунар!
Риояи забони адабии меъёрӣ ва содаву равон, дар сатҳи баланди касбӣ омода намудану пешниҳод кардани маводи иттилоотиву таҳлилӣ ва таълимиву фароғатӣ яке аз вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма ва умуман эҷодкорон мебошад.
Рӯзноманигорони мамлакатро зарур аст, ки вобаста ба таҳаввулоти замони муосир тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас аз тамоми неру ва қобилияти эҷодии худ истифода намоянд. Зеро гузашти замон нишон дод, ки рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ сахт вобаста мебошад.
Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад.
Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, ки фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба хотири амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаамон равона намуда, ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамонро тарғиб созем ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ва мардуми шарифи он содиқона хизмат кунем.
Имрӯз оғози фасли зебои сол — баҳори хуррам аст ва ҳамасола дар оғози ин фасл, яъне баъди чанд рӯз, ҷашни бисёр дӯстдоштаи мо — Рӯзи Модар фаро мерасад. Яке аз хизматҳое, ки шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ анҷом медиҳанд, муаррифии қадру қимат ва ба ҷо овардани эҳтироми зан — модар ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҳаёти давлат ва ҷомеа мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб кулли модарон ва бонувони мамлакат, аз ҷумла ҳамаи духтарону бонувонеро, ки дар шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи кишвар фаъолият мекунанд, ба ифтихори фарорасии ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфта, барояшон, пеш аз ҳама, сиҳатмандии комил, хушбахтиву иқболи нек ва зиндагии осоиштаву пурбаракат мехоҳам.
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шуморо бо оғози фаъолияти боз ду муассисаи нави иттилоотӣ ва Академияи воситаҳои ахбори омма табрик гуфта, бароятон комёбиҳои нави эҷодӣ ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Доимо саломату сарбаланд бошед!