Дастури Пешвои миллат барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

№64 (4326) 12.05.2021

Шоми 11 майи соли 2021 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқ ва роҳу кӯпрукҳо зарар дидаанд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, бо супориши Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид ба амал овард.

Бо дастури Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисороти ба хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани онҳо тадбирҳои бетаъхир меандешад.

www.president.tj