Дастури Пешвои миллат доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ

№59-60 (4799-4800) 13.05.2024

Хукумати ЧТ10-уми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли боронҳои шадиди селу ҷола, обхезӣ ва сангрезиш дар роҳҳои кӯҳӣ, чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, мардумро аз ин хатарҳо огоҳ намоянд.

Таъкид гардид, ки имрӯз ва чанд рӯзи наздики дигар дар минтақаҳои гуногун, бахусус ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, обу ҳавои номусоид ва офатҳои табиӣ пешбинӣ мегардад.

www.prezident.tj