9 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур иборат аз 9 ошёна ва таҳхона буда, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи ду сол, бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ ва стандартҳои ҷорӣ ба охир расиданд.
Бинои нав дорои 118 утоқи корӣ буда,бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин гардидааст. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани малакаи ҳайати шахсӣ дар таҳхонаи он 4 синфхонаи машғулиятҳои хизматӣ мавҷуд аст, ки бо компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар дастгоҳҳои муосири соҳавӣ таъмин мебошанд. Ба иттилои масъулин, дар ин ҷо 4 раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд кору фаъолият менамоянд. Бино дорои толори маҷлисӣ бо 100 ҷойи нишаст ва меҳмонхона (иборат аз чор ҳуҷра) мебошад. Дар ошёнаи 9-ум толори хурди конфронсӣ бо тамоми шароити муосири корӣ сохта шудааст.
Гирду атрофи бино бо гулҳо, дарахтони сояафкан ва роҳравҳо ба пуррагӣ бо тахтасангҳо ороиш ёфтаанд. Бино бо системаи муосири назоратӣ — камераҳои мушоҳидавӣ таъмин мебошад.
Сарвари давлат бо шароити муҳайёгардида ва ҳуҷраҳои корӣ шинос шуда, кормандонро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан даъват намуданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони вазорат рутбаҳои махсуси навбатиро супориданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солиев Карим Ҳоҷиевич бо рутбаи «генерал — майори милитсия», дар мувофиқа бо Роҳбари давлат Султонзода Садриддинхон Исмоил, Назарзода Икромҷон Ҳурматулло, Мӯсозода Муҳаммадалӣ Абдусаттор, Амирализода Сулаймон ва Сулаймонзода Ғуломалӣ Нуралӣ бо рутбаи навбатии «полковники милитсия» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиёти замонавии хизматӣ тақдим гардид. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба фаъолияти мақомот ба роҳбарияти пойтахт миннатдории худро иброз намуданд.
Субҳи рӯзи 9-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз бинои асосӣ (чорошёна), меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии он ба 14 ҳазору 351 метри мурабаъ баробар аст. Бинои асосӣ аз қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ, таълимӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори ёрирасон таркиб ёфтааст.
Дар ошёнаи якуми бинои асосӣ қисми навбатдории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва ғайра ҷой гирифтааст. Ошёнаҳои дуюм ва сеюм барои ҳуҷраҳои корӣ, қабули меҳмонон, синфхонаҳои таълимию маҷлисгоҳҳои хурду бузург ва ҳуҷраҳои хоб пешбинӣ шудаанд, ки дар онҳо шароити мукаммали кору фаъолият фароҳам мебошад.
Бинои асосии марказ бо муосиртарин лавозимот, аз ҷумла, компютеру ноутбук, принтер ва ғайра ҷиҳозонида шудааст. Дар синфхонаҳои таълимӣ имконияти фарохи ба омӯзиш ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа мавҷуд мебошад. Се синфхонаи таълимӣ, ки ҳар кадом дорои 6 ҷойи нишаст аст, бо воситаҳои навтарини таълим муҷаҳҳаз гардидаанд.
Дар ошёнаи сеюм 8 ҳуҷраи хоб барои омӯзгорон ва курсантон ҷудо шудааст. Ҳар ҳуҷра дорои ду рахти хоб, ҷевон ва дигар лавозимот мебошад.
Толори нигоҳдории таҷҳизоти техникӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва ҷойгоҳ барои захираи об бо иқтидори 300 метри мукааб дар ошёнаи чорум ҷой гирифтааст. Дар ҳамин бино китобхона мавҷуд аст, ки дар он номгӯйи зиёди адабиёти таълимии соҳавӣ ҷамъ оварда шудааст.
Дар таҳхона толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Қисмати дигари он ҳамчун таваққуфгоҳ пешбинӣ шудааст.
Ба кормандони маркази мазкур 9 автомашинаи сабукрав, як микроавтобус ва 2 автомашинаи бо таҷҳизоти махсуси оперативӣ-техникӣ ҷиҳозонида туҳфа гардид.
Меҳмонхонаи Маркази муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм дорои 8 ҳуҷра ва инфрасохтори ёрирасон буда, дар он беҳтарин шароити истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст.
Бинои меҳмонхона, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, дар масоҳати 540 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Иншооти мавҷуда дар маркази мазкур бо шабакаи гармидиҳии мутамарказ ва таҷҳизоти оташнишонӣ таъмин гардидааст. Дар марказ имкони ба таълим фаро гирифтани 100 нафар дар як вақт мавҷуд аст.
Дар саҳни марказ 3 майдончаи варзишии муосир барои гузаронидани бозиҳои баскетбол ва бадминтон сохта шудааст.
Дар дохил ва атрофи иншоот 28 камераи мушоҳидавӣ насб ва қисмати болоии девори даври бино бо симтӯрҳои махсуси муҳофизатӣ иҳота гардидааст.
Дар маҷмӯъ, масоҳати 9 ҳазор метри мураббаъ кабудизор карда, атрофи иншоот бо 5 ҳазор гули ҳархела ва 100 бех дарахти ҳамешасабз оро дода шудааст.
Ин иншооти навбунёд, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, дар арафаи Рӯзи милитсия туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Баъди шиносоӣ бо шароиту имконияти марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони он таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили дастгоҳи аксбардорӣ, наворбардорӣ, телевизор ва дигар воситаҳои техникӣ туҳфа намуда, онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаи Садриддин Айнӣ, аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо, бунёд мешаванд, шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани онҳо ба масъулони сохторҳои дахлдор ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст ва тибқи он дар давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, 19 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешавад.
Биноҳои истиқоматии мазкур на камтар аз 12 ошёна хоҳанд буд ва дар назди онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова низ дар назар аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани иқдоми мазкурро баҳри фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки сохтмони ин ҳама иншоот дар муҳлати муайянгардида бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шавад.
Ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф низ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16 — ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназир аст, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буданд ва тибқи маълумоти кормандони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масоҳати хонаҳои истиқоматии ин биноҳо, дар маҷмӯъ, беш аз 60 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Боиси хушҳолист, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тайи солҳои охир симои шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шудааст. Имрӯзҳо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси пойтахти мамлакат бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта мешавад.
9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонии 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватандӯст бунёд карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонии 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд.
Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаб идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 22 мактаби наву замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешавад, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои сохтмони мактабҳои наву замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои иҷрои корҳои босифати сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
www.president.tj