Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

9 июни соли 2015, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) 9-10 июни соли 2015 Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамроҳ бо ҳайати баландпоя аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.

Дар чаҳорчӯбаи барномаи сафар суҳбати хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф ва музокироти васеи ҳайатҳо баргузор шуданд. Маҷмӯи васеи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбарон ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карданд.

Сарвазири Покистон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) дар шаҳри Душанбе ситоиш кард.

Ду роҳбар аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба иқтидори бузург, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, илму фарҳанг, энергетика, нақлиёт, дифоъ ва амният мавҷуд аст, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо раванди татбиқи амалии Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши шарикӣ ва иҷрои муқаррароти санадҳоеро, ки зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон 17 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд,  мусбат арзёбӣ карданд.

Онҳо бар зарурати тавсеаи алоқаи ҳавоӣ, заминӣ ва роҳи оҳанро барои густариши муносибатҳои иқтисодӣ, робитаҳои байни мардумон ва саёҳат таъкид намуданд. Онҳо ба Комиссияи муштараки сатҳи вазирон ваколат доданд, ки тавсияҳои мушаххасро дар ин бора таҳия намояд. Ҷониби Покистон пешниҳод намуд, ки Ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки сатҳи вазирон 7 — 8 октябри соли 2015 дар шаҳри Исломобод баргузор гардад.

Намоишгоҳе, ки моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва барои муаррифии молҳои истеҳсоли Покистон дар Тоҷикистон ва минтақа мусоидат хоҳад кард, мавриди таваҷҷуҳи онҳо қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба аҳамияти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетикӣ ва зербиноиро, ки бо Қарори муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дода шуд, таъкид карданд. Комиссия бояд ҷаласаҳои худро дар як сол ду маротиба баргузор ва дар ҳошияи онҳо имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои энергетикӣ ва зерсохторӣ баррасӣ намояд.

Роҳбарон ба зарурати таҳкими имконоти транзитӣ ва ҳамлу нақл, аз ҷумла тавассути густариши ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ таъкид намуданд. Дар ин замина ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳар чӣ зудтар ниҳоӣ намудани Созишномаи сеҷониба байни Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба робитаҳои бозаргонӣ ва иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ такони бештар хоҳад бахшид.

Ҷонибҳо бори дигар зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ ва ҷаҳониро таъйид намуданд.

Ҳар ду ҷониб ҳамкории хуби ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари марбутаи байналмилалӣ ва минтақавиро бо қаноатмандӣ қайд карданд. Покистон ба Тоҷикистон барои ҷонибдории дархости Покистон барои узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхай арзи сипос намуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ислоҳоти Шӯрои амнияти СММ ҳамкории наздикро роҳандозӣ мекунанд.

Сарвазири Покистон изҳор дошт, ки ба сафари дарпешистодаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон таваҷҷуҳи хоса медиҳад, ки баргузории он дар амри таҳкиму тавсеаи муносибатҳо ва робитаҳои анъанавии мардумони ду кишвар омили муҳиме хоҳад шуд.

Сарвазири Покистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии гарм ва ҳусни меҳмоннавозие, ки зимни сафар нисбати ҳайати Покистон сурат гирифт, изҳори сипос намуд.

www.president.tj