Президенти Ҷумҳурии Фаронса бо ҳамтои тоҷикаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 август суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ Президенти Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки 9 сентябри соли 2021 баргузор мегардад, табрик гуфта, аз сатҳу сифати муколама миёни Фаронса ва Тоҷикистон изҳори хушӣ кард ва иродаи хешро ҷиҳати рушду таҳкими бахшҳои нави ҳамкорӣ, хусусан дар масъалаи сарҳадот, баён намуд.
Роҳбарони ҳар ду давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон, инчунин, оқибатҳои ба сари ҳокимият омадани «Толибон» дар Кобул табодули афкор намуданд. Мусоҳибон оид ба идомаи ҳамкориҳо ба манзури таъмини суботу амнияти минтақавӣ ба тавофуқ расиданд. Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Фаронса даъват кард. Ӯ меҳмони олиқадрро 13 октябр ба ҳузур хоҳад пазируфт.
26 августи соли 2021 дар сомонаи расмии Қасри Елисей (маъмурияти Президенти Фаронса) низ муҳтавои суҳбати зикршуда интишор шуд.