30 октябри соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар суҳбат, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон, хусусан равобити байнипарлумонӣ ва муколамаи доимии сиёсии сатҳи баланд дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре таъкид гардид, иҷрои мувофиқаҳои дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон моҳи июни соли равон бадастомада заминаи мусоид ва имконияти фарохеро барои рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатии манфиатбор фароҳам меоварад.
Дар ҳамин робита изҳори умед карда шуд, ки сафари Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонии Тоҷикистону Арманистон такони тоза мебахшад.
Ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва равобити байнипарлумонию ҷамъиятӣ, ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи СММ, САҲА, ИДМ ва СААД, фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Мусоҳибон таъкид карданд, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро беш аз 30 санад ташкил медиҳад, ки ҳамкориҳои ду давлатро дар соҳаҳои гуногун ба танзим медароранд.
Мавқею назари ҳамсон ва ё наздики ду давлат дар бисёр масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир низ таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ ва роҳҳои ҳалли сулҳомези муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои олам мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
www. president. tj