Эмомалӣ Раҳмон. Аз гуфтугӯйи дилҳо ба гуфтугӯйи тамаддунҳо

№96 (3733) 12.08.2017

3-Гулу манзарахо (39)Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон яке аз қавмҳои куҳанбунёд ва тамаддунофар ба шумор мераванд ва дар ташаккулу тараққиёти фарҳангу тамаддуни башарӣ нақши амиқ гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, тақдир ва  қисмати тамаддуни башарӣ бо қисмати тамаддуни Шарқ, аз ҷумла тамаддуни мардуми форснажод, чӣ дар гузашта ва чӣ дар даврони муосир, ба ҳам зич пайванд ва ногусастанӣ аст. Тавре маълум аст, тамаддуни башарӣ нахуст дар Шарқ арзи ҳастӣ намуд ва баъдан ба минтақаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла ба Ғарб, доман густурд. Дар таърихи ҳазорсолаҳои охир муносиботи ин ду тамаддун омили асосӣ, муайянкунандаи рушд ва таназзули ҷомеаи башарӣ будааст. Дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз гуфтугӯ ва бархӯрди тамаддунҳои Ғарб ва Шарқ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, махсусан саҳми тамаддуни ориёӣ, мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор гирифтааст. Масъалаи мазкур дар замони муосир ниҳоят муташанниҷ гардидааст ва аз ин ҷост, ки олимон ва коршиносон асри XXI — ро чун бархӯрди тамаддуни Шарқ ва Ғарб арзёбӣ менамоянд.

Аз охири солҳои 90 — уми асри гузашта ва ибтидои ҳазорсолаи нав дар ҷомеа раванди ҷаҳонишавӣ оғоз ёфт. Ин раванд дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ табаддулоти бузургеро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, кашфиёти нави илмӣ — техникӣ, коркарди технологияи навин, масолеҳи нави техникӣ ба амал омада, навоварӣ дар истеҳсолот ворид гардид. Аз ҷониби дигар, ба ҳам наздикшавии давлатҳо ва ҳалқҳои сайёра, тараққиёти воситаҳои коммуникатсионӣ ба назар мерасад.

Дар баробари ҷиҳатҳои мусбати раванди ҷаҳонишавӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои манфии онро, ки бо таҳдид ва хатарҳои нав ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, аз қабили терроризму экстремизм, радикализму сепаратизм ва ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ, борҳо таъкид намудаанд. Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии илмӣ ба муносибати 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (8 сентябри соли 2007) таъкид карданд, ки «даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Бо вуҷуди дастовардҳои бесобиқаву беназири худ, инсон ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Ҳарчанд дар зоҳир гӯё «ҷанги сард» кайҳо ба охир расидааст, вале дар амал он шиддати тоза мегирад. Дар миёни давлатҳои гуногуни сайёра мусобиқаи мусаллаҳшавӣ авҷ гирифта истодааст, ки чунин раванд метавонад на танҳо амнияти кишвар ё минтақаҳои алоҳида, балки оромии тамоми инсониятро зери хатари ҷиддӣ гузорад».

Яке аз оқибатҳои манфии ҷаҳонишавӣ, аз нигоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар он аст, ки ин раванд арзишу асолати миллии қавму миллатҳои гуногунро таҳти хатари нобудӣ қарор дода, зуҳуроти бархӯрди фарҳангу тамаддунҳоро ба миён овардааст ва чун масъалаи меҳварии муносиботи байни кишварҳо арзёбӣ мегардад.

Тибқи назари коршиносон ва таҳлилгарон, яке аз роҳҳои пешгирии оқибатҳои хатарноки бархӯрди тамаддунҳо созмон додани пуле байни онҳо бо мақсади таъмини муколама ва гуфтугӯйи тамаддунҳо мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар тӯли таърихи чанд ҳазорсола бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар карда, дар ҳалли масоили мубрами замона таҳаммулгаройӣ ва маслиҳату муколамаро сармашқи кор қарор додаанд ва дар даврони муосир низ мардуми Тоҷикистон бо такя ба афкор ва таҷрибаи таърихии ниёгон раванди гуфтугӯйи тамаддунҳоро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоянд. Сарвари давлат ­Эмомалӣ ­Раҳмон ҳушдор медиҳанд, ки бетарафӣ ва беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо, ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниву ақидаҳои мухталиф метавонад ба фасодии ахлоқ ва ҳатто таназзули фарҳангу тамаддунҳо ва шикасти давлатҳо оварда расонад.

- «Фалсафаи хеле қадимаи муросою мадорои халқи тоҷик, ки дар зоти худ асли андешаи таҳаммулгаройӣ буда, дар мероси намояндагони маъруфи илму адаби миллати мо, аз ҷумла дар осори Имоми Аъзам, васеъ инъикос ёфтааст, имрӯз низ метавонад ба ҳайси намунаи равшани муколамаи фарҳангу тамаддунҳои гуногун хизмат намояд», — таъкид намуданд Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Имоми аъзам ва ҷаҳони муосир» (5 октябри соли 2009).

Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, яке аз василаҳои муҳими ба роҳ мондани ба ҳам наздикшавӣ, муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва муколамаи тамаддунҳо ин арҷгузорӣ ва бузургдошти шахсиятҳои машҳури ин ё он миллат, аз ҷумлаи олимон, шоирон, нависандагон, файласуфон, уламо ва фузалои аҳли дин мебошад, ки ба хазинаи тиллоии фарҳанг ва тамаддуни башарият саҳми сазовор гузоштаанд. Маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон бузургдошти 1025 — солагии Абӯалӣ ибни Сино, 800 — солагии Ҷалолуддини Балхӣ, 650 — солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 800 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700 — солагии Носири Хусрав, бунёдгузори мазҳаби Ҳанафия Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва дигарон таҷлил гардид.

Яке аз шахсоне, ки хишти нахустинро дар бунёди муколамаи тамаддуни Шарқ ва Ғарб гузошт ва дар эъмори он хидмате намуд, фарзанди фарзонаи тоҷик, шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино буд. Намояндагони барҷастаи даврони таҷаддуди Аврупо номи ин алломаи тоҷикро бештар вирди забон меоваранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зимни суханронӣ ба муносибати 1025 — умин солгарди зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино чунин иброз намуданд: «Рӯзгор ва осори ибни Сино намунаи барҷастаи хизмати бедареғ ва фидокорона ба инсоният аст. Ӯ дар тамоми марҳилаи зиндагии худ, хоҳ дар маснади вазорат бошаду хоҳ дар ҷодаи таълиму таълиф ва хоҳ дар ҷараёни табобат, ба ҳадафҳои олии инсонӣ ва ҳақиқати илмӣ содиқ монд. Ибни Сино ба воситаи асарҳои фалсафии худ ҷаҳони андешаи асримиёнагиро фарох ва зиндатар гардонд, роҳи расидан ба ҳақиқат ва кашфи асрори вуҷудро сармашқи таҳқиқи худ қарор дод».

Афкори илмӣ, фалсафӣ ва тиббии шайхурраис чун дармони ҳам рӯҳӣ ва ҳам маънавӣ ба мардум асрҳои аср хизмат менамояд ва нури хиради ӯ роҳи тараққиёти башариятро мунаввар месозад. Зеро «зиндагӣ ва осори ибни Сино ин мактаби ҷасорат, тантанаи илму хирад, инсондӯстӣ ва худафрӯзӣ барои бахту саодати инсоният аст». (Эмомалӣ Раҳмон, зимни ҳамон суханронӣ).

Ба зумраи чунин ашхос, ки осорашро фалсафаи муросою мадоро, таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи тамаддунҳо ташкил мекунад, Имоми Аъзам Абӯҳанифа низ мансуб аст. Тибқи таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати бузурги Имоми Аъзам, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ӯ дини мубини исломро на ҳамчун воситаи тафриқаву муқобилгузорӣ, балки чун омили муҳимтарини муттаҳидсозии мардум, ки аз моҳияту рисолати ҷаҳонии каломи худовандӣ бармеояд, пуштибонӣ мекард.

- Ӯ тавонист чунин як мазҳаби аҳли суннату ҷамоатро созмон диҳад, ки дар чаҳорчӯбаи арзишҳои шаръии он роҳҳои муассири рафъи мухолифату низоъҳо ва роҳандозии гуфтугӯйи тамаддунҳо вуҷуд доранд, — мегӯянд Пешвои миллат.

Таълимоти мазҳаби ҳанафӣ таҷассумгари на танҳо арзишҳои шаръии мусулмонон аст, балки дар он арзишҳои волои умумибашарӣ, инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ, гиромидошти мақом ва манзалати инсон ифода ёфтааст, ки ба осудагӣ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд, ки дар таълимоти ҳанафӣ «таҷрибаи таърихӣ, ҷаҳонбинии мазҳабӣ, афкори фалсафӣ ва андешаи миллии чандин халқу миллатҳои мусулмон таҷассум ёфтааст.

Ҳамин синтез ё омезиши афкору ақоиди динӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ буд, ки ҳанафия ҳамчун яке аз равияҳои бонуфузи аҳли суннату ҷамоат эътироф гашта, аз замони зуҳури худ то имрӯз аз Куфа то Африқо, Осиёи Марказиву Чин, Россияву Аврупо паҳн шудааст».

Пешвои миллат Эмомалӣ ­Раҳмон роҳи ягонаи барпо намудани гуфтугӯйи фарҳанг ва тамаддун­ҳоро тавассути омӯзиши эҷодиёти бузургони илму адаб, ки таъсири нуфузашон аз доираи як қавму миллат баромада, дар сатҳи умумибашарӣ қарор доранд, арзёбӣ менамоянд.

Дар ин маврид омӯзиши эҷод ва фаъолияти шоир, мутафаккири тоҷик Ҷалолуддини Балхӣ басе арзишманд аст. Шоҳасари безаволи ӯ «Маснавии маънавӣ» дар рӯҳи талқини арзишҳои беҳтарини ахлоқӣ ва умумибашарӣ, дӯстӣ, рафоқат, ишқу покдоманӣ, ваҳдат ва якдилии қавму миллат, нажоду адён таълиф шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иброз медоранд, ки Мавлавӣ ва пайравонаш «бо неруи сухан, ақлу хирад ва фарҳанги воло дар ҳамгиройии халқҳову ­тамаддунҳо хизмати арзишманд кардаанд ва маслаку равияи онҳо дар амри таҳкими робитаи тамаддунҳо ва ҳамзистии осоиштаи аҳли башар барои мо имрӯз низ хеле ибратомӯз аст. Дар замони салтанати Салҷуқиёни Рум дини ислом дар ҳаёти ҷомеа нақши асосӣ ва марказӣ дошт. Дар баробари ин, барои фаъолияти озоди оину мазҳабҳои масеҳиву насронӣ ва зардуштиву яҳудӣ монеае мавҷуд набуд. Таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ гуногунҷанба буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андешаву афкори созанда ва талаботи маънавии аҳли башарро фаро мегирад».

Эҷодиёти Мавлои Румро таҳлил намуда , Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса меоянд, ки он дар тӯли садсолаҳо ҳамчун ғизои маънавӣ барои кулли башарият хизмат менамояд ва дар шароити муосир – даврони таҳаввулоти беназири технологӣ, рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, умуман, раванди ҷаҳонишавӣ – аз як тараф ва вусъат ёфтани зуҳуроти терроризми байналмилалӣ, муташанниҷ гаштани авзои сиёсӣ, авҷ гирифтани низои динӣ ва байнимазҳабӣ, даврони садамаи экологӣ – аз тарафи дигар, чун пулест, ки кинаву адоват, беадолатӣ, зулму нафратро рафъ ва чун омили наҷотбахш зиддияти фоҷиаобори Шарқу Ғарбро бартараф, гуфтугӯи фарҳанг ва тамаддунҳоро дар пояи мустаҳкам таъмин месозад.

Мавзӯи инсон, аз нигоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон, дар эҷодиёти шоир, махсусан дар асари нотакрораш «Маснавии маънавӣ», мавқеи марказӣ дорад. Маҳз инсон чун субъекти фаъоли башарият, ҳомили беҳтарин арзишҳои волои ахлоқӣ, пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо баромад менамояд. Дар шароите ки неруҳои аҳриманӣ ҷомеаро ба вартаи ҷаҳаннам афканда буданду олам дар ғарқаи хун қарор дошт, ба ин нигоҳ накарда, Мавлавӣ қадру манзалат, мақсад, мақоми волои инсонро, новобаста аз қавму нажод ва диёнат, васфу тараннум мекард, эшонро ба накуӣ, раҳму шафқат, ҳамдилӣ, покиву нафосат даъват менамуд ва дар ҳамин радиф самти тараққиёти ҷомеа, тамоюли муносибати тамаддуни Шарқ ва Ғарбро ба сӯи ҳақиқат, озодии аҳли башар раҳнамоӣ мекард. Бинобар ин, «таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ гуногунҷанба буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андешаву афкори созанда ва талаботи маънавии аҳли башарро фаро мегирад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно инсонҳоро бузургтарин ва азизтарин офаридаи Худованди якто дониста, онҳоро ба сиёҳу сафед, ирқу нажод, ғарбиву шарқӣ ва бутпарасту насронӣ тақсим намекунад. Зеро асоси таълимоти «мавлавия» аз забони худи Мавлоно чунин ҷамъбаст шудааст: «Дар ҳама ҷо Худо яке, ёр яке, сухан якест». Вақте ки Мавлоно аз дарёфти ҳақиқат сухан мегӯяд, инсонро ба камолоти маънавӣ ва таҳқиқи олами ботинии худ талқин месозад. Ба ибораи дигар, дарёфти маънавиёт аз диди Мавлоно — шинохти инсон ё худ мазҳари худшиносист, ки ин падида имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлоливу соҳибдавлатии мо, аҳамияти хоса дорад».

Ҳамин тавр, аз баррасии масъалаи мазкур ба хулоса омадан мумкин аст, ки «дар ҷаҳони муосир, ки раванди глобализатсия мушкилиҳои нав эҷод кардааст, зарур аст аз афкор ва таҷрибаи моддӣ ва маънавии ниёгон истифода намуда, муносибатҳои сиёсӣ, динӣ ва байнидавлатиро бар асоси ваҳдату ҳамраъйии инсонҳо, даъват ба ҳамкорӣ ва кумак ба ҳамдигар, пеш гирифтани роҳи адолату инсоф ва муросою мадоро, ба талқини ормонҳои осоишу амнияти ҳамагонии башарият бунёд ва дар ин замина ҳамдигарфаҳмӣ, равобит, муколама ва гуфтугӯйи тамаддунҳоро таъмин намуд».

 Муҳсин Раҳимов,

доктори илмҳои фалсафа,

профессор