Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафараш ба ВМКБ кумаки пулии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба 19 хонаводаи зарардида аз офати табиӣ дар ноҳияи Ванҷ ва нуҳ хонавода дар ноҳияи Рӯшон расонид.
Сипас, Сарвазири мамлакат бо рафти сохтмони роҳи аз сел харобшуда ва бунёди шаҳрак дар ноҳияи Шуғнон шинос шуда, бо сокинони бесарпаноҳмонда, ки айни ҳол дар хаймаҳо дар шаҳрак зиндагӣ доранд, мулоқот намуда, ба эшон низ кумаки пулии Сарвари давлатро дастрас намуд. Ба хонаводаҳои пурра зарардида маблағи даҳ ҳазор ва ба хонаводаҳои қисман зарардида ба маблағи шаш ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 80 хонаводаи зарардидаи деҳаи Барсем аз хазинаи Президенти мамлакат кумак карда шуданд.
Қоҳир Расулзода бо таъкиди ғамхории ҳамарӯзаи Сарвари давлат нисбати зарардидагон изҳор дошт, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар барои ҳар чӣ тезтар бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани хонаводаҳои бесарпаноҳмонда талош меварзанд ва то моҳи ноябр зарардидагон дар манзилҳои нав ҷо мегиранд. Бо супориши Президенти кишвар ба манзури эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ барои зарардидагон хонаҳои урфии помирӣ сохта шуда, бо ҷиҳоз ва ашёи зарурии рӯзгор аз ҷониби давлат таъмин карда мешаванд. Сарвазир ба хонаводаҳои зарардида барои сабру тоқаташон дар баробари зарари офати табиӣ ва ба сокинон барои ширкати фаъолона дар бартарафсозии оқибатҳои он изҳори сипос намуд.
Сокинони деҳаи Барсем дар мулоқот бо Сарвазир изҳор доштанд, ки аз Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ниҳоят миннатдоранд.
Ҳамчунин дар суҳбат онҳо зикр карданд, ки аз лаҳзаи аввали сар задани офати табиӣ масъулини мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарони вазоратҳо бо имконоти мавҷуда дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар ҳамкорӣ бо мардум ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офат ва расонидани кумак ба зарардидагон корҳои зиёдеро анҷом доданд. Зарардидагон ба сокинони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ барои кумакашон миннатдорӣ баён намуданд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ осоишгоҳҳои вилояти Суғд омода ҳастанд, то оғози таҳсил ба таври ройгон фарзандони хонаводаҳои зарардидаро ба фароғат фаро бигиранд. Таъкид карда шуд, ки сафарбарӣ ба истироҳатгоҳҳо таври ихтиёрӣ сурат мегирад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»