Эмомалӣ Раҳмон: «Баргузор шудани бозиҳои олимпӣ дар Пекин намунаи тавоноии ҳамсояи бузурги мост»

№16 (4436) 05.02.2022

МусохибаМусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Хитой (Синхуа, CCTV, China News Service, Женмин Жибао)

Хитой, 3 феврали соли 2022

- Шумо аз Бозиҳои XXIV замистонаи олимпӣ чӣ интизориҳо доред ва оё, ба андешаи Шумо, ин чорабинии варзишӣ бомуваффақият анҷом хоҳад ёфт?

- Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин, бешубҳа, на танҳо яке аз рӯйдодҳои калонмиқёсу беназири чор соли охир, балки падидаи таъсирбахши варзишии зимистона хоҳанд буд, ки таваҷҷуҳи тамоми қитъаҳои оламро ба навъҳои ин варзиш ҷалб менамоянд. Хоссатан, аз он ҷиҳат, ки ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ аз нуқтаи назари омода сохтани иншооти варзишӣ, фароҳам овардани шароити маишӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ин чорабинии боҳашамати варзишӣ ҳама корро анҷом додаанд.

- Пекин аввалин шаҳре мешавад, ки ҳам бозиҳои зимистона ва ҳам тобистонаи олимпиро қабул кардааст. Таассуроту хотироти Шумо аз пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой чӣ гунаанд?

- Баргузор шудани бозиҳои тобистонаву зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин инъикоскунандаи он дастовардҳои муассирест, ки мардуми Хитой то имрӯз ноил гардидааст ва боз як намунаи тавоноии ҳамсояи бузурги мо мебошад. Ин гуфтаҳо ба муваффақиятҳои олии варзишии варзишгарони хитойӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ низ дахл доранд.

Ман иштироки худро дар маросими кушодашавии 29 — умин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин соли 2008 ва фазои идонаи умумӣ, ки он рӯзҳо пойтахти олимпиро фаро гирифта буд, бо шавқу завқи хосса ба ёд меорам. Онҳо дар ман таассуроти амиқ гузоштаанд.

Ба сифати Роҳбари Тоҷикистон ман бори аввал ба Пекин моҳи марти соли 1993 омада будам. Шурӯъ аз он давра чандин бори дигар аз пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой дидан кардаам ва ҳар дафъа аз дигаргуниҳои тааҷҷубовари симои ин шаҳр, ки дар он иншооти муҳташами қадимӣ ва биноҳои осмонраси дорои услуби муосири меъморӣ ба ҳам омадаанд, ба ҳаяҷон меоям.

Дастовардҳо дар самти рушди Пекин ба сифати мегаполис, бемуболиға, таассуроти амиқ мегузоранд ва мо медонем, ки онҳо самараи заҳмати беандозаи мардуми Хитой ва роҳбарияти кишвар ҷиҳати татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатие мебошанд, ки ба ислоҳоту навсозӣ равона шудааст.

Ман хеле шодам, ки бори дигар дар пойтахти зебоманзари Хитой бо даъвати дӯстам ҷаноби Си Ҷинпин қарор дорам.

-  Имсол Хитой ва Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Шумо ба рушди муносиботи Хитой ва Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Дар тӯли се даҳсолаи гузашта, ба шарофати саъй ва талошҳои муштарак муносибатҳои Тоҷикистону Хитой бовусъат рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баромадаанд. Дар ин давра мо тавонистем, ки масъалаҳои миқёсан муҳимро ҳал намоем ва ба баланд бардоштани сифати ҳамкориҳои дуҷониба ноил гардем.

Байни кишварҳои мо муколамаи мунтазами эътимодбахши сиёсӣ, ки самтҳо ва ҷараёни рушди маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитойро муайян мекунад, роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузории муносибатҳои мо нишондиҳандаҳои баланд ба даст омаданд. Як қатор лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ дар чунин соҳаҳои стратегӣ, ба монанди нақлиёт, энергетика ва саноат муштаракан ба татбиқ расидаанд. Имрӯз Хитой яке аз шарикони пешсафи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Дар муносибатҳои мо масъалаҳои пешбурди равобити фарҳангиву гуманитарӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар ин зимн ба рушди робитаҳои маърифатӣ ва тамосҳои фарҳангӣ, ки омили муҳими ба ҳам наздик шудани мардуми мо мебошанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпинро ҷиҳати бунёди камарбанди иқтисодии «Роҳи бузурги абрешим» дастгирӣ намуд. Барои ҳамкории зичи кишварҳо дар доираи ташаб­буси «Як камарбанд, як роҳ», дурнамои васеъ вуҷуд дорад. Мо иқтидори густурдаро дар ташаббуси нави Хитой оид ба рушди глобалӣ низ мебинем. Тамосҳо миёни шаҳрҳову минтақаҳо, инчунин муассисаҳои таълимиву илмӣ низ тақвият ва тавсеа ёфта истодаанд.

Тоҷикистон азми қатъӣ дорад, ки дар даҳсолаи чоруми фарорасидаи муносиботи байнидавлатӣ шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо Хитой густариш бахшида, онро бо муҳтавои нав ва корҳои назарраси амалӣ дар ростои манфиатҳои тарафайн ғанӣ гардонад.

- Шумо муносибатҳои шахсиатонро бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин чӣ гуна тавсиф медиҳед?

- Байни ман ва дӯстам ҷаноби Си Ҷинпин муносибатҳои дӯстона, самимӣ, ошкоро ва эътимоднок барқарор шудаанд. Мо байни ҳам муоширати созанда ва муколамаи мунтазами кориро, ки ба таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Хитой равона шудаанд, барпо кардаем.

Мо ҳамеша ба таври шаффоф масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, тақвияти пайвастагии нақлиётӣ, инчунин, дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Дар интиҳо, аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба муносибати иди зебои баҳор — Соли нави анъанавӣ дар Хитой табрик намуда, ба мардуми дӯсти Хитой некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда, ба Пекин бошад, ҷиҳати доир намудани Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ муваффақиятҳои беназир орзу намоям.

- Ташаккур барои суҳбат.