31 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нуҳумин Конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайширо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои нуҳумин Конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳавасманд аст имкониятҳои таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо, бо дарназардошти манфиатҳои муштараки кишварҳо, самаранок истифода шаванд.
Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон то ба ҳол бастаи калони санадҳои дуҷониба ба имзо расидааст, ки заминаи мусоиди ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, туризм, алоқаи ҳавоӣ ва робитаҳои амниятиро фароҳам меоранд.
Барои густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои муштараки соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нефту газ, доир ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор низ метавонанд муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистон дар бобати мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарики табиӣ мебошанд.
Ҳамчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи CASA-1000, зарурати интиқоли неруи барқ ба кишварҳои минтақа ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.
www.president.tj