21 октябри соли 2015 пас аз анҷоми машварати корӣ бо фаъолону сокинони вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» пеш аз иштирок дар чорабинӣ бахшида ба иди атласу адрас оромгоҳи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаевро зиёрат кард. Президенти мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш барои ободию шукуфоии Ватан, сарҷамъии миллат ва якпорчагии сарзамин даст ба дуо бардоштанд.
Барномаи Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик — 2015» аз намоиши сару либосҳои гуногуни арӯсии бо зарҳал ороёфта оғоз шуд. Дар саҳни ҳавлии қаср духтарони зебою қадраси тоҷик бо либосҳои хуштарҳу назаррабо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият истиқбол гирифтанд.
Сутунҳои даромадгоҳи Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» бо намудҳои гуногуни атласу адрас оро дода шуда, фазои ин ҷоро зебову дилрабо карда буд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеваронро тамошо карда, бо ҳунармандон, ки машғули атласу адрасбофӣ буданд, суҳбат намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори ин бонувони чирадаст баҳои баланд дода, онҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдон ва ҳар чӣ бештар тарғиб кардани либосҳои тоҷикӣ ҳидоят намуд. Дар толори пурнақшу нигори Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» тарроҳону дигар ҳунармандон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои соҳаи ресандагӣ намоиш доданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик ва ба муносибати 21 — умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Нуҳ нафар тарроҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд либосҳои миллиро, ки аз навъҳои гуногуни атласу адрас дӯхта шуда буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар ин ҳамоиш тарроҳон аз 30 номгӯй матои гуногуни атласу адрас куртаҳоро бо тарҳи милливу ҳозиразамон дӯхта, пешкаши аҳли нишаст карданд.
Дар ин ҳамоиш либосҳои гуногуни духтаронаву писарона ва кӯдакони то синни ҳаштсола муаррифӣ карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд 80 маркази атласу адрасбофӣ бунёд ёфтааст ва то охири сол ин шумора бояд ба 150 адад расонида шавад. Айни ҳол наздики 600 нафар занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гаштаанд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамчун мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар вақти баҳодиҳии маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ, тарҳи либосҳои нотакрору ғайримуқаррарӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, интихоби ашёи ороиш ва пардоз ба назар гирифта шуд.
Дар охири барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз рӯи шартҳои озмун, аз ҷумла беҳтарин атласи «Гули бодом», беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси рӯзмарраю расмӣ, беҳтарин либоси қадима ва беҳтарин адрас ғолибон муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо дар ҳаҷми даҳ ва ҳашт ҳазор сомонӣ муайян карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.
Зимни суханронӣ дар ҷамъбасти фестивал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ва ифтихору хушҳолӣ иброз дошт, ки ин саҳнаву толори Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» барои ман азизу муқаддас аст.
Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон бо интихоби Сарвари хеш тақдири ояндаи давлати тоҷик ва сарҷамъии миллату якпорчагии Тоҷикистонро ҳал карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ғолибонро бори дигар бо комёбиашон табрику муборакбод намуда, бо итминон иброз дошт, ки ояндаи наздик мо тавассути ин ҳунармандон ба рушди соҳа, истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулоти хушсифати атласу адрас ноил мегардем.
Президенти мамлакат ба барномаи ҳунарӣ ва сару либоси тамошобинон, ки толорро бо ҳузурашон рангину гулистон карда буданд, баҳои баланд дод.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён — тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди чунин як барномаи рангин изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ, аввалтар аз ҳама бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.
Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки фестивали атласу адрас минбаъд дар сатҳи вилоятӣ не, балки дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида шавад. Ин пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пазироӣ карда шуд.
www.president.tj