«Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем… »
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчиёни мамлакат
24 майи соли 2007
Қабули нахустин қонуни миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моҳи июни соли 2007) дар ҷомеаи анъанавӣ кори осон набуда, заҳмати дурударози таърихиро тақозо дошт. Роҳбари давлат баъд аз сулҳу салоҳ ва рӯ овардан ба арзишҳои таърихӣ соли 1999 масъалаи мазкурро байни зиёиён ва мардуми кишвар барои андешаронӣ боз намуда, худ таҳлил ва татбиқи ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ, роҳҳои қонунии онро ҷустуҷӯ доштанд, ки бояд ба замону сиёсати нав – таъмини шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат мекард.
Сарвари ғамхори давлат, ки бо талаботи ҷомеа аз назари сиёсӣ такомул ёфта буданд, мақсад ва вазифаҳои навбатии Тоҷикистонро вобаста ба даъватҳои таърихӣ дарк ва эҳсос менамуданд. Ин буд, ки дар маросими савгандёдкунӣ ба хотири нишаст дар мақоми Президентӣ Сарвари содиқу вафодор (чун Ҷамшедшоҳ, Анӯшервон, Хаммурапи, М. Гандӣ, Осирис, Сезар, Исмоили Сомонӣ, Пётри I ва дигарон) қасам бо номи ҳар фарди тоҷикистонӣ хӯрданд, ки тамоми имконоти худро баҳри хушбахтии ҳар сокини кишвар истифода менамояд.
Албатта, корҳои муайян дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ сурат гирифт, вале мазмуни сиёсат дар ибтидои Наврӯзи соли 2007 ва вохӯрӣ ба аҳли зиёи кишвар рӯ ба як самте намуд, ки кам кас интизори чунин ислоҳот буд, ҳарчанд вазнинии он бар дӯши ҳамагон меафтод.
Душворӣ он буд, ки ин мақсади олиро аз кадом ҷанба бояд оғоз намуд. Маълум, ки ислоҳоти сиёсӣ, тағйироти кадрӣ, қабули қонуну санадҳои гуногун вобаста ба мазмуни масоил шарт ва зарур мебошад. Вале онҳо бидуни омода намудани худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, поктинатӣ ва меҳнати халоли ҳар шаҳрванди Тоҷикистон имконнопазир буданд. Аз ин рӯ, зимни суханронӣ дар вохӯриҳои расмӣ бо аҳли зиёи кишвар, дар баромадҳо тавассути телевизион ва воситаҳои ахбори омма вобаста ба маъракаҳои сиёсӣ ва ҳамчунин дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат масоили номбаршударо борҳо зикр намуданд. Кори амалӣ аз тарбияи воқеии мардуми Тоҷикистон бояд шурӯъ мешуд, зеро мухолифати шакли нави зиндагӣ бо баъзе аз расму оинҳои сохташуда эҳсос мегашт. Арзишҳои башарӣ, ки дар ниҳоди ҷомеаҳои тамаддунпарвар ва бунёдгузорандаи илмӣ тавлид шуда буданд, дар зинаи муайян бо масоили сахти исрофкорӣ, куҳнапарастӣ, маҳдудбинӣ, ки аксаран чун арзишҳои миллӣ муаррифӣ мегардиданд, дар мухолифат қарор доштанд.
Ба ҷойи мазмун ва моҳияти арзишҳои миллӣ ва динӣ бештар ба маросиму ҷанбаҳои зоҳирии падидаҳо диққат дода, диндорию миллатдӯстиро ба зоҳирпарастию шаклпарастии бемантиқ табдил дода, мазмуну муҳтаво ва зарурати ин расму оинҳоро аз мадди назар дур монда будем. Президенти кишвар дуруст ва нишонрас зикр карданд: «Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад». (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ, шаҳри Душанбе, 24 майи соли 2007). Андеша сари мавзӯе мерафт, ки он аз сарҳади меъёрҳои иҷтимоии динӣ, урфӣ ва ҳуқуқӣ гузар намуда, ба шаклҳои маъмули шуури ҷамъиятии миллати тоҷик — ислом, фарҳанги миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои табиии инсон, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда буд, такя мекард.
Ислоҳоти иҷтимоӣ зарурат дошт, вале он бидуни ислоҳи афкор ғайриимкон буд. Яъне, ислоҳоти дарназардошта аз воқеияти зиндагии мардум, аз мушкилии расму оинҳо ва одатҳои вазнин сар мезад. Аз ин сабаб он як усули тарбияи маънавии мардум низ буд, ки ба онҳо сарфаю сариштаро дар муқобили одатҳои вазнин меомӯхт. Аммо чун таассубкорию тақлидкорӣ мардумро ба доми худ кашида, расму оинҳои навро ба одатҳои нонавишта табдил дода, ҷиҳати ақидавӣ касб намуда буд, истодагарӣ аз он бар дӯши илм ва дин то ҳадде вазнинӣ кард. Ин амал дар доираи сиёсати бохирадонаи Сарвари давлат мавриди омӯзиш қарор гирифта, тайи бештар аз ду моҳ афкори умум нисбати он шунида шуд.
Мақсади Роҳбари давлат — беҳбудии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон сари вақт ба дили мардуми камбизоати Тоҷикистон роҳ ёфта, ҳар чӣ зудтар қабули қарори дахлдорро талаб мекард. Дар баробари ин, албатта, гурӯҳҳое буданд, ки ба қадри фаҳмиши худ мухталифии паҳнои санадро дарк намуда, мухолифатро бо одат, анъана ва расму оинҳо амали хуб нашумурданд. Вале онҳо як амали дигарро ёд наоварданд, ки ҳама пешравиҳои назарраси олам аз табдилдиҳии ҳамин унсурҳои муҳими зиндагӣ сурат гирифтааст. Ҳама гуна инқилобҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва илмӣ натиҷаи ҳамин гуна тағйирдиҳии парадигмаҳои мавҷуда буд.
Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун қонуни миллӣ ва ҳуқуқии кишвар аз лаҳзаи қабул то ба имрӯз дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва башарӣ ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат намуда, дар таъмини шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва иҷрои барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсири мусбат гузошт. Нақши қонун дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои молиявии олами сармоядорӣ дар ҳимояи манфиати мардуми кишвар ва риояи қатъии қонунҳои соҳавӣ назаррас гашт.
Вақт, замона бо бардошти таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол меъёри қонуни мазкур ба зиндагии мо роҳ ёфта, баҳри ба низом даровардани маъракаҳо ва озод шудани шаҳрвандон аз хурофот таъсири нек дорад. Тибқи ҳисоботи расмии мақомоти ваколатдор тахминан дар ҳашт соли амали қонун чунин натиҷаҳо ба даст омадааст:
1) Баргузории ҷашну маъракаҳо ба низоми муайян даромада, теъдоди онҳо давоми сол ҳисобӣ гардида, сарфаю сариштакорӣ ба ҳукми анъана даромада, аз байн бурдани маросимҳои хурофотӣ ва маъракаҳои зиёдатӣ ба расмият шинохта шуд. Дар натиҷа, дар давраи амали қонун зимни баргузории як млн. 123 ҳазор маърака шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани онҳо тавонистанд ба манфиати худ беш аз 11 миллиард сомониро сарфа намоянд. Хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун ба ҳисоби миёна то се маротиба кам гардид.
2) Тибқи омори пешниҳоднамудаи Бонки миллии Тоҷикистон пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ҳамасола аз 20 то 25 фоиз афзоиш ёфта, гирифтани қарзҳо аз бонкҳо ба мақсади маъракагузаронӣ аз байн рафт.
3) Қонуни мазкур ба татбиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи рӯёнидани андоз аз ҳофизон, тарабхонаҳо ва наворбардорон мусоидат намуд. Тибқи маълумоти омории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар шаш соли охир (солҳои 2008-2014) маблағи андоз аз чунин ашхос беш аз 15 миллиону 798 ҳазор сомониро ташкил кардааст.
4) Дар баробари амалишавии дигар барномаҳои давлатӣ ва иқдомҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 35 фоизи соли 2013 саҳми қонуни мазкур низ эҳсос мешавад.
5) Амалишавии қонуни мазкур барои баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи талаботи қонунҳо, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Теъдоди ақди никоҳи давлатӣ бамаротиб зиёд гардид. Агар дар соли 2006 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 57115 ақди никоҳ баста шуда бошад, пас аз қабули қонун дар соли 2007 ин нишондиҳанда ба 97713 адад расид. Минбаъд ҳамасола шумораи ақди никоҳ афзоиш ёфта, то ба сад ҳазор расид.
6) Маъракаҳо ба ҳисоби оморӣ дохил шуда, динамикаи афзоиш ва пастшавии онҳо зери назорат қарор гирифт. Ба ҳисоби миёна ҳар сол дар ҷумҳурӣ тақрибан 145-155 ҳазор маърака барпо гардида истодааст. Давоми ҳафтуним сол (моҳи июни соли 2007-соли 2014) дар маҷмӯъ як миллиону 123 ҳазору 352 маърака доир гардидааст. Таҳлили ин раванд бо муайян намудани давраҳои афзоиш ва сустшавии баргузории маъракаҳо барои банақшагирии иқтисодиёт ва диверсификатсияи бозори истеъмолӣ кумак менамояд.
7) Амали қонуни номбурда барои кам гардидани забҳи чорвои калон ва хурд шароит фароҳам оварда, барои нигоҳ доштани чорвои наслдеҳ мусоидат кард. Давоми амали қонун дар зиёда аз як миллиону 123 ҳазору 352 маърака беш аз 700 ҳазор сар чорво забҳ гардид. Барои ин миқдор маъракаҳо то қабули қонун бо ҳисоби камтарин забҳи беш аз як миллиону 700 ҳазор сар чорво зарур буд. Татбиқи қонуни мазкур ба манфиати шаҳрвандон зиёда аз як миллион сар чорворо сарфа намуд.
8) Қонун ба эҳёи анъанаи неки ниёгон, баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона мусоидат намуд. Дар ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ хатнасури 65 ҳазору 322 нафар кӯдакон ва тӯйи домодию арӯсии 3859 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоат тариқи дастаҷамъӣ барпо гардид. Бо шарофати ин иқдоми хайр, беш аз 73 ҳазор оилаи тоҷикистонӣ аз хароҷоти баргузории маъракаҳо ба маблағи зиёда аз 510 миллион сомонӣ озод гардиданд.
9) Муҳимтар аз ҳама, давлат тавассути мақомоти марбута корҳои тарғиботӣ гузаронида, сиёсати давлатиро дар ҷодаи танзим, ҳуқуқҳои инсон, муносибат бо дин ва ғайра дар байни аҳолӣ бо қишрҳои гуногун роҳандозӣ намуда, аз як ҷониб мақомоти давлатиро бо аҳолӣ наздик намуда, аз ҷониби дигар дини мубини исломро аз хурофот ва каҷравиҳо то андозае озод карда, дар маҷмӯъ дар тафаккур ва ҳаёти иҷтимоии мардум ислоҳоти бузурги маънавӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд овард.
Қобили таъкид аст, ки таърихи қонунгузорӣ кам қонунеро медонад, ки дар як муддати кӯтоҳ ба ин дараҷа ба мардум ва давлат кумаки моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ ва динӣ карда бошад. Ин қонун воқеан як консепсия ва оғози ислоҳоти низоми ҳаёти иҷтимоӣ дониста мешавад.
Қонуни миллӣ ва ислоҳоти гузаронидаи Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввал аз ҷониби давлатҳои гуногун ҷонибдорон ва ҳаводорони зиёд пайдо намуд. Мутахассисони кишварҳои ҳамсоя онро омӯхта, усулу тартиби татбиқи онро дар сатҳҳои гуногун ба роҳ монданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз силсилаи ислоҳоти ҳаёти иҷтимоии кишвар аст, ки Роҳбари давлати тоҷикон ба хотири саодатмандӣ ва пешрафти зиндагии мардум пешниҳод кардааст. Албатта, ин қонунҳои миллӣ дар давраи муайяни таърихӣ нақши худро иҷро мекунанд, бо мурури замон вобаста ба талаботу манфиатҳо тағйир меёбанд. Нуктаи муҳим он аст, ки таҳияи қонунҳои миллӣ раванди низоми ҳуқуқии кишварро тақвият бахшида, иллат ва дигар бемориҳои ҳаёти иҷтимоиро бо дармони миллӣ табобат намуда, барои тарбияи инсони солеҳ, оилаи солим, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати иҷтимоӣ заминаи ҳуқуқӣ густурда, ҷомеаро бо махсусияти миллию мазҳабиаш ба сӯи ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин ва давлати ҳуқуқӣ ҳидоят менамояд.
Нукоти зикргардида мо — вакилонро муваззаф менамояд, ки бо риояи масъулияти қонунгузорӣ ва эътирофи хизматҳои Бунёдгузори давлати миллӣ барои имрӯзу фардои миллат, ташаббусҳои созанда ва ислоҳотгароёнаи ҳуқуқии ӯро ба симати Поягузори ҳуқуқи миллии кишвар қабул намоем. Сарвари давлат дар ҳақиқат, на танҳо дар саргаҳи таҳияи низоми ҳуқуқии давлати демократии Тоҷикистон истодааст, балки ба раванди қонунгузории кишвар бо иродаи қавӣ рӯҳи миллӣ бахшида, тавассути қонун ва хирад, урфу одат, анъанаҳои мардумиро ба манфиати мардум гардиш дод.
А. ХОЛИҚЗОДА, А. ДАМДОР, И. АБДУЛЛОЗОДА, М. ШАРОФИДДИНОВА, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон