Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№149 (3295) 15.12.2014

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 15 декабри соли 2014 №774, ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод намудани Раҳмонов А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 аз 15 декабри соли 2014 №775, ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин намудани Салимов Н.Ю.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Салимов Носир Юсупович ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон