Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№149 (3295) 15.12.2014

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод намудани Фаттоҳзода С.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Фаттоҳзода Саидмурод Самад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2014  №309

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин намудани Раҳмонов А.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2014 №310