Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№12 (3313) 26.01.2015

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Ш.О.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Салимзода Шерхони Одина аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 24 январи соли 2015 №330

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонов Ю.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмонов Юсуф Ахмедович Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 24 январи соли 2015 №331

 

Раҳмонов Юсуф Ахмедович -

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

DSC_1359РАҲМОНОВ Юсуф Ахмедович 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиш, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии Гарнизони Душанбе, муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 2004 — 2010 ба сифати муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010 – 2012 дар вазифаи прокурори вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2014 ҳамчун машваратчии калон — сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2015 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.