Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№20-21 (3321-3322) 14.02.2015

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод намудани Давлатов М.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Давлатов Муродулло Исматович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 13 феврали соли 2015 №364

 ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Бобоев Ф.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Бобоев Файзулло Баротович Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 13 феврали соли 2015 №365