Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№30 (3331) 02.03.2015

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Наимӣ А.Қ.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Наимӣ Аламхони Қодириён муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 феврали соли 2015 №371

 Наимӣ Аламхони Қодириён

Муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05naimiНаимӣ Аламхони Қодириён соли 1967 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстил»-и шаҳри Душанбе оғоз карда, минбаъд муҳосиби РТО-и «Продтовары», бригадири калони ширкати «Нафиса» дар шаҳри Душанбе, муҳосиб-тафтишотчии Идораи тафтишотии назоратии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассис, мутахассиси пешбар, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи банақшагирии хароҷотҳои соҳаи иҷтимоӣ, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи идоракунии буҷетҳои маориф, илм ва фарҳанги Раёсати буҷетҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, муовини сардори Департаменти буҷети давлатӣ, муовини сардори Департамент — сардори Раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Департаменти буҷети давлатӣ, муовини сардори Сарраёсат — сардори Раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Сарраёсати Буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз декабри соли 2013 то феврали соли 2015 дар вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 ба вазифаи муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод намудани Розиқзода А.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 27 феврали соли 2015 №375

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Лутфия Абдухолиқ

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Лутфия Абдухолиқ ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 27 феврали соли 2015 №376

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Розиқзода А.Ш.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 27 феврали соли 2015 №377