Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъин намудани Қодирӣ А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қодирӣ Ардашер Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 3 майи соли 2013 № 1450