Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№54 (3039) 06.05.2013

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъин намудани Қодирӣ А.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қодирӣ Ардашер Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ  Раҳмон

ш. Душанбе, 3 майи соли 2013 № 1450