Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2013:
- ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз ва муассисаҳою ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шаванд;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 190 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) кормандони прокурорӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 405 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 450 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 35 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант – 450 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш – 405 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;
- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донистани забонҳои хориҷии дур иловапулӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
- ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 624 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- нафақаи заминавӣ ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ кам мебошад, ба 200 сомонӣ баробар карда шаванд;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ ва аз ин зиёдтарро ташкил менамоянд, 25 сомонӣ зиёд карда шаванд;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории нопурра аз рӯи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол таъин гардидаанд ва нафақаҳои меҳнатии маъюбони гурӯҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо назардошти собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам мебошанд, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2013 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи маблағҳо аз рӯи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
- дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд аст (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқшуда амалӣ намоянд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда ва онҳоро то синни 8-солагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III-ро (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд, муайян намояд.
4. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- сархати дуюми банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002, №926 «Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- сархати нуҳуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007, №219 «Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ»;
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2007, №349 «Дар бораи муқаррар кардани изофапулӣ барои донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2008, №509 «Дар бораи муқаррар кардани иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- сархати панҷуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия».