Меҳрпарастӣ яке аз динҳои куҳани ориёӣ ва Меҳр яке аз эзидони муштараки ҳиндуевропоӣ, худои равшанӣ ва ҳофизи назму низоми олам, пуштибони ҳақиқат, танзимкунандаи муоҳида ва аҳду паймон ва нигаҳбони ҷаҳон аст. Ин оин қабл аз дини зардуштӣ дар асрҳои XX-XVIII то мелод дар канори соҳилҳои рӯдхонаҳои Ҷайҳуну Сайҳун ба вуҷуд омада, минбаъд бо дини зардуштӣ якҷоя амал кардааст. Аз ин рӯ, бисёр омӯзаҳои оини меҳрпарастӣ ба дини зардуштӣ ворид шудааст ва имрӯз мо дар Авесто, ки гӯё ба қалами Зардушт тааллуқ дорад, сурудҳои махсус бо номи «Меҳряшт»-ро мебинем.
Номи худои оини меҳрпарастӣ дар Авесто «Мисра», дар паҳлавӣ «Митр», дар Ведаҳо «Митра» ва дар форсӣ «Меҳр» мебошад, ки маънояш аҳду паймон аст. Тамоми муоҳидаҳои байни давлатҳо дар аҳди қадим ба номи Митра баста ва ба ӯ савганд ёд мешуд. Оини меҳрпарастӣ дар аҳди Модҳо роиҷ буд ва номи Меҳр дар меҳробаҳои содаи митроӣ ба назар мерасид. Дар аҳди Ҳахоманишиён Наврӯзу Меҳргон баробар ҳамчун идҳои мардуми эронитабор ҷашн гирифта мешуданд. Дар Империяи ҳахоманишӣ – аз Арманистон сар карда, то сатрапҳои Фричияву Галатия муғони митроӣ саргарми парастиши оини Меҳр, адои русуму одоб ва маросиму ҷашнҳои меҳрпарастӣ буданд.
Меҳрпарастӣ то роиҷ шудани дини масеҳӣ дар Ғарб, аввал дар Юнону Рум ва баъд ба воситаи легионҳои Рум дар сарзаминҳои Ғарб, аз ҷумла дар Испанияву Англия ва Франсия босуръат ривоҷ ёфт. Муҳаққиқи англис Франс Кумондт дар китоби худ таҳти унвони «Оини пуррамзу рози митроӣ» беш аз 50 тасвири маъбадҳои митроӣ ва маросими ҷашни Митра дар онҳоро ҷамъоварӣ намудааст.
Ҷашни Меҳргонро Ксенофонт ва Плутарх низ дар асарҳояшон ёд кардаанд. Дар иттилои ироанамудаи онҳо ба номи Меҳр савганд ёд кардани шоҳони ҳахоманишӣ ва дигар сулолаҳои аҳди қадим зикр шудаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ҷашни Меҳргонро, ба мисли ҷашни Наврӯз, аз Меҳргони омма ва Меҳргони хоса иборат дониста, Меҳргони хосаро Ромрӯз ном гузоштааст, ки рӯзи шашуми ҷашн ба шумор мерафт. Аввалин касе, ки дар рӯзи нахустини ҷашн ба пешгоҳи подшоҳ барои табрики ид ворид мешавад, мӯбади мӯбадон буд, ки дар даст дастовези идона дошт. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ оварда, ки Фаридуни тилисмшикан ҷашни Меҳргонро бо ғалаба бар Заҳҳоки морон поягузорӣ кард. Ӯ менависад:
Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як роҳи эзидӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба ойини кайӣ ҷашни нав сохтад…
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоиву хӯрдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ ҳеҷ манмой чеҳр.
Тавре ки дар манбаъҳо сабт шудааст, ҷашни Меҳргон хони идонаи худро дошт. Дар он намунаҳои дастранҷи деҳқонону барзгаронро мегузоштанд. Суфраи меҳргонӣ аз навъҳои гуногуни растаниҳои хушаӣ, ҳубубот, меваҷот ва ғайра бо хӯрокҳои лазиз ороста мешуд. Аз ҳафт навъи донаҳои ордшуда ноне мепухтанд, ки номи он «дорун» буд. Ид дар дарбор шурӯъ мешуд, тоҷгузории шоҳон низ дар ҳамин рӯз сурат мегирифт. Бино ба маълумоти маъхазҳо, Анӯшервони одил дар рӯзи ҷашни Меҳргон маросими тоҷгузории худро баргузор намуда буд.
Меҳргону Наврӯз он қадар ба аъмоқи таърих ва афкори маънавии мо реша давонидааст, ки тағйироту носомониҳои бавуҷудомада дар тӯли таърих онҳоро решакан карда натавонистаанд. Баръакс, онҳо дар тамаддунҳои бегона низ ҷойгоҳи худро пайдо намуданд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси Пешвои миллат таҷлили ин иди фархундаю суннатии мо солҳои охир ба ҳукми анъана даромад.
Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илми фалсафа