Таъиноти кадрӣ

№28 (3013) 08.03.2013

Ҳафтуми марти соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аён гардид, Бозор Одинаев муовини вазири маориф, Шералӣ Ганҷалов муовини вазири нақлиёт, Раҳматулло Каримов муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои об, Ҳасан Маҳмадаминов роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, Ибодулло Саидмуродов мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Маҳмадшариф Бобошоев мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, Талбак Хуҷамардов мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ ва Одинашо Муродов мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд.

Ғайр аз ин, сардорони шуъбаҳои №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ, сардорони шуъбаҳои ин вазорат дар ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Ҳамчунин сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакии мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои ноҳияҳои Варзоб, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯроободи вилояти Хатлон ва Панҷакенти вилояти Суғд иваз шуданд.

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сардори шуъбаи ҳамин агентӣ дар ноҳияи Рашт низ иваз шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ба давлату миллат ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдории миллӣ ва тарғибу ташвиқи шоистаи арзишҳои волои Истиқлоли Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоянд.

www.prezident.tj