Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Наимӣ А. Қ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Наимӣ Аламхони Қодириён бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июни соли 2016, №704
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муродзода Д. Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Бо сабаби барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Дустмурод Ҳайит аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июни соли 2016, №705
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Расулзода Н. Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Бо сабаби барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Нуриддин Ғафор аз вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июни соли 2016, №706
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи муовини раис — котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Пӯлодӣ М. К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Бо сабаби барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодӣ Мавҷуда Комил аз вазифаи муовини раис – котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июни соли 2016, №707
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июни соли 2016, №256, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Самадзода Н. А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Самадзода Навруз Абдулҳамид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июни соли 2016, № 257, ш. Душанбе
Дар бораи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муродзода Д. Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муродзода Дустмурод Ҳайит сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаборзода Одил Абдуқаҳҳор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июни соли 2016, № АП-733
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июни соли 2016, № АП-734
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо сабаби барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин аз вазифаи директори Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июни соли 2016, № АП-735
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Завқизода Солеҳ Амин директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июни соли 2016, № АП-736