Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 10.02.2025

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн таъин намудани Каримӣ А.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2025
№960

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург таъин намудани Ҳусейнзода М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод ҳамзамон Сафири Фавкулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2025
№961