Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№26 (3506) 27.02.2016

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод намудани Сулаймонзода А. Р.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ   Раҳмон  ш. Душанбе, 25 феврали соли 2016 №643

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин намудани Баҳодурзода А. С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ   Раҳмон  ш. Душанбе, 25 феврали соли 2016 №644

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод намудани Хоҷазода О. А.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Хоҷазода Ориф Ашурӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 25 феврали соли 2016 №645

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин намудани Сулаймонзода А. Р.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сулаймонзода Акрам Раҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ш. Душанбе, 25 феврали соли 2016 №646

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2016 №80, ш. Душанбе

 Дар бораи аз вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод намудани Қурбон У. А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбон Убайдулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда шавад.

 Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон

 

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2016 №81, ш. Душанбе

Дар бораи Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъин намудани Қурбон У. А.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбон Убайдулло Абдулло Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъин карда шавад.

   Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 25 феврали соли 2016 №82, ш. Душанбе

 Дар бораи Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин намудани Гулзода М.Қ.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин карда шавад.

 Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2016 №79, ш. Душанбе

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»

 Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис дода шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро ҳал намояд.

3. Бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов — 3, ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронида шаванд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дар соли 2016 ва солҳои минбаъда чораҳои зарурӣ андешад.

5. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон».

6. Ба Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон».

7. Лимити автомобилҳои хизматӣ барои Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба миқдори 1 адад муқаррар карда шавад.

8. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ   Раҳмон

Шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии  таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буданд, дар амал татбиқ шуда истодаанд. Дар Паёми имсола, аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон бо табибони баландихтисос дар вилояти Хатлон, ки сераҳолитарин минтақаи мамлакат аст, муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ таъсис дода шавад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон», ки имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, гувоҳи ин хушхабар аст.

Таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолиаш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад.

Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро қариб 1200 нафар мутахассис хатм мекунад. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад.

Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5 фоиз афзоиш меёбад.

Аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафари аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки хеле кам аст.

Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро таъсис диҳад.

Хотиррасон бояд намуд, ки заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» муайяну омода шудааст ва худи ҳамин сол ин муассиса ба қабули донишҷӯён шурӯъ хоҳад кард.

 www. preident.tj