Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№6 (3486) 13.01.2016

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай озод намудани Олимов Р.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Олимов Рашид Қутбуддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 6 январи соли 2016 №595