Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№118 (4380) 21.09.2021

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 зиёд карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

 Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 20 сентябри соли 2021, № 251

 

Тавзеҳ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сентябри соли 2021 таҳти №251 «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид.

Фармони мазкур, ки дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат зимни мулоқот бо олимони кишвар соли 2020 баён гардиданд, амалӣ шуд.

Дар асоси он андозаи зиёдшавии музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоизро ташкил медиҳад.

Ин иқдоми Пешвои миллат идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаҳои илму маориф ва олимони кишвар мебошад.