Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатов Ҷ.М.

№ 22.01.2025

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 21 январи соли 2025, №920