Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳасанзода Г. К.

№ 06.01.2023

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 5 январи соли 2023, № 491