Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарализода Р. Д.

№27-28 (4767-4768) 29.02.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2024, № 757