Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Пиракзода Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 августи соли 2023, № 605