Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Рофизода М.Ҳ.

№29 (4769) 04.03.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Рофизода Мирзоамон Ҳамдам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 феврали соли 2024, №786