Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифӣ Баҳодур Маҳмудзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 августи соли 2024, №849